Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом

26 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Конибодом сафар кард.

Дар оғози сафар Раиси вилоят аз комендатураи мустақар дар Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ боздид намуда, бо шароити буду боши сарбозону афсарон шинос гардид. Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки 23 феврал таҷлил шуд, табрик гуфта, ба онҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.

Дар ҷараёни сафар роҳбари вилоят рафти бунёдкориҳо дар ҳудуди шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Раиси вилоят аз ҷумла бо сохтмони Минтақаи истироҳатӣ барои кӯдакону наврасони болаёқат дар деҳаи Ҷаҳонзеб, бинои нави боғчаи бачагонаи №10 дар деҳаи Лоҳутӣ, маркази савдо ва сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Ниёзбек, майдони Парчами давлатӣ дар деҳаи Ниёзбек, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7, гулгашти ба номи Камоли Хуҷандӣ ва таҷдиду навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр шинос шуда, ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳо ва густариши корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.

Таъкид карда шуд, ки сокинони шаҳри Конибодом аҳлона меҳнат намуда, ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.

Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадори меҳнат Меҳриҷон Ориповаи 90 сола ва маъюби гуруҳи якум Исмон Раҳмоновро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh