ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ АФЗУН ШУД

 

 

 

- Мувофиқи нақша - чорабиниҳо оид ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баҳри ободонӣ, азнавсозӣ ва таъмири иншоот, мумфаршкунии роҳҳо ва чароғонкунӣ дар маҷмӯъ 506 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аз он 406 иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ин беш аз 80 фоизи нақша мебошад, - изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода.

Дар соли 2020 –ум аз 127 иншооти ба нақшагирифташуда ба санаи 1 - уми январи соли равон 134 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин нишондод 105 фоизи дурнамо мебошад. Ҳамчунин, зимни баромади хеш мавсуф қайд намуд, ки алҳол дар шаҳр 419 корхона кору фаъолият намуда, аз инҳо 234 коргоҳ зиёда аз 5 коргар ва намояндагии иттифоқҳои касабаро дошта, аз ҷониби онҳо шартномаи коллективӣ баста шудааст. Ҳамагӣ 609 нафар аҳолии бешуғли қобили меҳнат чун корҷӯ дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуда, аз он 439 нафар бекорони расмӣ мебошанд. Корхонаҳои саноатии шаҳр соли сипарӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи беш аз 320 миллион сомонӣ таъмин намуданд, ки 103 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумот ҷиҳати бартараф кардани муассисаҳои садамавӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои падару модарону соҳибкорони маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии садамавии № 7 бунёди бинои нави таълимӣ барои 330 нафар дар як баст ва № 52 барои 240 нафар корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар муассисаҳои таълимии № 1, 19, 46 бо мақсади ба итмом расонидани сохтмони биноҳои таълимӣ ва дар муассисаҳои таълимии № 9, 12, 17, 18, 34 ва кӯдакистони № 8 ҷиҳати таъмиру навсозӣ корбариҳо дар назар дошта шудааст. Роҳбарият оид ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соли гузашта дар шаҳри Конибодом ҳарф зада, иброз дошт, ки 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ шуда истодааст.

Ин ҳам бошад, лоиҳаҳои «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон» «Тиҷоратикунии соҳаи кишоварзӣ», «Барномаи мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи Арал», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Исфара», «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» ва ғайраҳо. Сипас, намояндагони васоити ахбори омма ба роҳбарият ва масъулини сохторҳо суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh