Ташкили сехи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар ҶДММ “Бахт – 2016”

Дар ноҳияи Спитамен барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешаванд.

Масъулини ҶДММ “Бахт – 2016” бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи саноат тасмим гирифтанд, ки сехи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ташкил намуда, ҷойҳои нави кориро таъсис диҳанд.

Чуноне ҳангоми боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд, барои ташкили сехи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ 300 ҳазор сомонӣ сарф гардида, таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин харидорӣ карда шудааст. Иқтидори истеҳсолии сехи мазкур то 10 ҳазор метр қубурҳои пластикӣ дар як шабонарӯз буда, ашёи хом барои истеҳсолот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешавад.

Пас аз ба истифода дода шудани сехи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар ҶДММ “Бахт – 2016” 10 нафар бо  ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилоят ташаббуси муассисони корхонаро дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки дар бозори дохилӣ талабот ба қубурҳои пластикӣ зиёд аст. Тавсия дода шуд, ки талаботи бозор дақиқ омӯхта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот марҳила ба марҳила зиёд карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh