Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст бо рафти сохтмони тарабхонаи замонавӣ ошно гардид. Ин иншоот дар Ҷамоати шаҳраки Навкат ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкор Фурқат Абдуҷабборов сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии бинои мазкур 420 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур якошёна буда, пас аз ба охир расидани сохтмон ва ба истифода супоридани тарабхона 10 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Сипас, роҳбари вилоят аз кӯдакистони “Боғча” боздид намуд. Дар кӯдакистони мазкур, ки аз ҷониби ҶСП “Деҳқон”-и ноҳияи Спитамен таъмир шуда истодааст, 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Раиси вилоят аснои боздид ба роҳбарияти ноҳия ва соҳибони иншооти бунёдшаванда барои бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншоот, инчунин тақвият бахшидани корҳои ободониву хуррамгардонӣ дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh