Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони маркази саломатӣ ва пули мошингузар дар ноҳияи Шаҳристон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳияи Шаҳристон ҷараёни бунёди маркази саломатии деҳаи Себзори Ҷамоати деҳоти Бунҷикатро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Тавре ба Раиси вилоят маълумот доданд, маркази саломатӣ бо фармоиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва бо ҷалби соҳибкорону аҳолӣ сохта шуда, сохтмони он соли 2018 оғоз гардидааст. Лоиҳаи иншоотро  КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Шаҳристон омода намудааст ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ наздик 1 миллион сомонӣ масраф хоҳад шуд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ва харидории таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Шаҳристон бо ташаббуси аҳолӣ ва соҳибкорону саховатмандон бунёди иншооти гуногун ҷараён дошта, сокинони ноҳия барои бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда истодаанд.

Масалан, дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикат бо саҳми соҳибкор Анорқул Ҷӯраев пули мошингузар сохта шуда истодааст. Ҳар сол бо оғоз гардидани мавсими боришот ҳаракати нақлиёт дар ин деҳа душвор гардида, ҳатто дар баъзан ҳолатҳо бо сабаби баланд шудани сатҳи оби сой ҳаракат қатъ мегардид. Соҳибкор тасмим гирифт, ки бо мақсади осон намудани мушкилоти 7 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Ободӣ, Суғдиён ва атрофи он пули мошингузар бунёд созад.

Лоиҳаи пули нав аз ҷониби ҶДММ “ПроектИнвест” таҳия гардида, харҷномаи пешакии лоиҳа ҳудуди 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои кори хайр миннатдорӣ намуда, ба роҳбарияти ноҳия барои беҳсозии ҳолати роҳҳо ва таъмиру навсозии пулҳои мошингузар дастур дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh