ОБОДОНӢ МӮҶИБИ ФАРАҲМАНДӢ

Дар шаҳри Конибодом ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 506 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 406 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст. Имрӯз дар шаҳр сохтмони иншооти боқимонда идома дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинону соҳибкорон барои таҷлили шоистаи ҷашни таърихӣ заҳмат кашида истодаанд.

Солҳои охир дар ҳудуди шаҳр барои муҳайё намудани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ ва идомаи босуръати корҳои ободонию созандагӣ чандин иншооти наву замонавӣ, аз қабили марказҳои саломатӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, корхонаҳои хурду миёна ва биноҳои баландошёнаи хуштарҳи истиқоматию хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Сокинони меҳнатдӯсти шаҳр ва соҳибкорону саховатмандони маҳал дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷашни миллиро бо меҳнати шоиста ва дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.

Дар ин самт соҳибкорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона ширкат намуда, то имрӯз чандин иншооти замонавиро сохта, ба истифода супориданд. Айни замон сохтмони иншооти гуногун дар шаҳр идома дошта, баъди ба истифода додани иншоот сокинон бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳангоми сафари хизматӣ аз рафти корҳои сохтмонии чандин иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, майдони Нишони давлатӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва тарабхонаву бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дидан намудем. Боиси зикр аст, ки бинои МТМУ №15 дар маркази деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов ҷойгир буда, он барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Фармоишгари иншоот Раёсати маорифи шаҳр буда, пудратчӣ ҶДММ «Канд - сохтмон» мебошад. Бинои маъмурии Кумиҷроияи ҲХДТ бо фармоиши Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳр сохта шуда истодааст ва он дар шафати майдони Парчам қарор дорад.

Сохтмони майдони Нишони давлатӣ низ дар маркази шаҳри Конибодом ҷараён дошта, он бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ бунёд мешавад. Фармоишгари иншоот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва пудратчӣ ҶДММ «РС Барқарор» аст. Баҳри ободу зебо ва гулзор намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр низ аз ҷониби кормандони идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Ҳангоми ба шаҳр ворид шудан эҳсос мегардад, ки кӯчаҳо тозаву озода буда, дар канори кӯчаҳои шаҳр дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, рУҳияи мардум бо меҳнати созанда ва эҳсоси шаҳрдорӣ болидаву афзун аст.

Бо мақсади баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, ободу зебо гардонидани гирду атроф дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ, мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо шинониданд. Директори корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр Шукур Ҷӯраев гуфт, ки баҳри ободониву кабудизоркунӣ аз тарафи корхона якчанд корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла дар кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ, 8-уми Март, Айнӣ ва Ленин ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуда истодааст. Ҳамчунин, дар нақша аст, ки дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гулҳои мавсимии тагес, карамгул ва дар кӯчаҳои асосӣ, бахусус кӯчаи Исмоили Сомонӣ 400 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шавад. Бояд гуфт, ки дар соли 2021 дар нақша аст, ки Боғи маданият ва истироҳатии шаҳр пурра азнавсозӣ карда мешавад. Бо назардошти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар шаҳр якчанд иншооти соҳаи маориф бунёду нав-созӣ мегардад. Қомат афрохтани иншооти замонавӣ дар маркази шаҳр ва деҳот боиси фараҳмандӣ ва хушҳолии сокинон гардидааст.

Зеро ин ҳама тадбирҳои ободонӣ барои беҳтар шудани шароити кору зиндагии мардум пешбинӣ шудаанд. Сокинони шаҳр, хусусан соҳибкорону саховатмандон ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, мехоҳанд дар ободонии Ватан саҳми худро гузоранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh