ИФТИХОР АЗ ТАЪРИХИ КУҲАН ВА РУШДИ ДИЁР

Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри бостонии Панҷакент дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар хеле рушд карда, дар ҳудуди он корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург, садҳо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва марказҳои савдову хизматрасонӣ бунёд гардиданд. Корҳои ободонӣ, хусусан дар давраи омодагӣ ба ҷашни 5500-солагии Саразм вусъати бесобиқа пайдо карданд.

Ҳукумати мамлакат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳамияти доимӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.

Бо ин мақсад танҳо дар бист соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ равона гардидааст. Шумораи аҳолии Панҷакент соли 1991-ум 162 ҳазору 235 нафар буда, 1-уми январи соли 2020 ин нишондиҳанда ба зиёда аз 303 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба соли 1991 – ум 87 фоиз ё қариб ду баробар зиёд мебошад. Илова ба ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар шаҳри Панҷакент 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои автомобилгард, кам кардани талафоти неруи барқ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирии зарари офатҳои табиӣ анҷом дода шудааст. Ҳоло дар шаҳр 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар шаҳр 50 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар онҳо ҳазорон нафар сокинони шаҳр ва деҳоти он бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр ду неругоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳар кадом 500 киловатт, 444 километр хатҳои интиқоли барқи 0,4 – киловолта, 91 километр хатти интиқоли барқи баландшиддати «Айнӣ - Панҷакент», 425 нуқтаи трансформаторӣ ва 1 зеристгоҳи барқии 35-киловолта бунёд гардида, зеристгоҳи барқии 220 - киловолтаи «Рӯдакӣ» ба маблағи 260 миллион сомонӣ таҷдид карда шуд.

Бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар шаҳри Панҷакент азхудкунии заминҳои нав ба роҳ монда, дар натиҷа майдони кишти шолӣ ба 1800 гектар ва картошка ба зиёда аз 6600 гектар расонида шуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли шолӣ то ба 9000 тонна ва 102 ҳазор тонна картошка замина гузошт. Инчунин, дар ин давра 580 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки зиёда аз 20 гектари он боғҳои интенсивӣ мебошад. Дар ин муддат аз тарафи кишоварзони шаҳр 39 гармхона ба масоҳати қариб 11 ҳазор метри мураббаъ ва 4 сардхона барои нигоҳдории 1130 тонна меваю сабзавот бунёд гардида, пурсамар фаъолият доранд. Таҷдиду азнавсозӣ намудани роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи 770 миллион сомонӣ яке аз корҳои муҳими барои мардуми Панҷакент анҷомдодаи Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлол мебошад, ки дар натиҷа мушкилоти сокинон дар ин самт бартараф гардид. Илова бар ин, дар зарфи солҳои охир беш аз 30 километр роҳҳои дохилӣ тармиму таҷдид гардидаанд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби соҳибкорон дар шаҳр 43 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва 51 маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳамчунин, 40 марказу бунгоҳҳои саломатии деҳот таъмир гардида, ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 12 бунгоҳи тиббӣ идома дорад. Умуман, дар доираи нақшаи корҳои бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ аз 405 иншооти ба нақша гирифташуда то ба имрӯз наздик 300 иншооту биноҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд. Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат илова ба корҳои то ба ҳол иҷрошуда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани шаҳр ва деҳоти он то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ як силсила чорабиниҳои дигар низ ба нақша гирифта шудаанд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба наздикӣ дар доираи сафари навбатии корӣ дар шаҳр беморхонаи замонавӣ барои 200 кат, мактаби навбунёд барои 1280 нафар хонанда, якчанд корхонаи истеҳсолӣ ва иншооти маъмуриро ифтитоҳ намуд.

Солҳои охир дар соҳаи фарҳанги шаҳр низ корҳои назаррас ба анҷом расида, дар ҳудуди мамнӯъгоҳи Саразм осорхона ва дар маркази шаҳр китобхона бунёд гардида, дар иншооти зикршуда барои баргузории ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва хусусан, қабули сайёҳону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Мардуми бонангу номус ва шарафманди шаҳри Панҷакент имрӯзҳо аз таърихи пурифтихор ва ниҳоят қадимаи худ ва дигаргуниву ободиҳои имрӯза неруи тоза гирифта, баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон, пешрафти минбаъдаи диёри худ, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои арзишманди аҷдодӣ саъю талоши комил доранд.

Мухтори АБДУЛЛО,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh