МУЛОҚОТИ МУФИД ВА САРИВАҚТӢ

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода бо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент доир гардид.

Дар мулоқот Парвиз Шодизода доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон ибрози андеша намуд.

Ӯ ҳамчунин доир ба зарурати истифодаи сарфакоронаву самаранок ва оқилонаи неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагии ёрирасон, заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 андешаронӣ намуд. Ҳамзамон, дар шаҳри Панҷакент тибқи дастури Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо олимони ҷавон мулоқот баргузор шуд. Раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода иштирокчиёни мулоқот-устодон, олимони ҷавон, аспирантҳо ва магистрантҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Коллеҷи омӯзгории шаҳрро ба ҳамкории судманд даъват намуд.

Сурайё Ҳакимова,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh