РОҲИ ОБОД - ФАЙЗБАХШИ ҲАЁТИ БОСАМАР

Филиали Ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ширкатҳои байналмилалие мебошад, ки бо мақсади нигоҳдории қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ” фаъолият менамояд.

Вобаста ба омодагиҳои филиали намояндагии Суғдии ширкати мазкур, дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 мухбирамон бо менеҷери намояндагии минтақаи Суғдии филиали Ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҷалол Олимов суҳбат намуд.

 - Имрӯз омодагии намояндагии минтақавии суғдии филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Намояндагии Суғдии филиали ширкати мазкур оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои солҳои 2020 - 2021” корҳои мушаххасро иҷро намуда, ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 пурра омода мебошад. Вобаста ба қарорҳои мазкур нақшаи чорабиниҳо тартиб дода аз ҷониби менеҷери намояндагӣ ба тавсиб расидааст. Тибқи нақшаи чорабинӣ, таъмини бехатарии воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгард корҳо хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар асоси нақша барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳ ва иншоотҳои он, инчунин омода намудани шароити иҷтимоии кормандон дар фасли зимистон ба миқдори 20 метри мукааб ҳезум, 24 тонна ангишт ва барои таъмин намудани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди вобастабудаи намояндагӣ ба миқдори 40 тонна сӯзишвории дизелӣ харидорӣ карда шудааст. Барои омода намудани роҳи автомобилгард ба мавсими тирамоҳу зимистон корҳои рангубор намудани истгоҳҳо, элементҳои роҳ, девораҳои ҳимоякунанда, панҷараҳои кӯпрукҳо, барқарор намудани хатҳои уфуқӣ, тоза намудани қубурҳои обгузар, кӯпрукҳо, гузоштани аломатҳои роҳ ва ғайра ба анҷом расонида шуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки барои бартараф намудани ҳолатҳои яхбандӣ ва лағҷиш дар роҳ 5350 тонна маводи зидди лағҷиш, аз ҷумла қум ба миқдори 5000 тонна ва намаки техникӣ ба миқдори 350 тонна харидорӣ ва дар 4 қитъаи роҳ захира карда шудааст. Дар мавзеъҳои хавфноки қитъаҳои роҳ маводи зидди лағҷиш дар канори роҳ захира карда шудааст, ки ҳангоми боридани барф ин маводҳо истифода бурда мешаванд. Дар ҳамаи қитъаҳои роҳ навбатдории шабонарӯзии кормандон ташкил карда шудааст. - Доир ба минтақаҳои хавфноктарини роҳи “Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ” чӣ гуфтанӣ доред? - Роҳи “Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ” хеле роҳи мураккаб мебошад. Роҳ дар кӯҳистон ҷойгир шуда, бештар аз фаромадани тарма, сел, ҷинсҳои кӯҳӣ, сангреза ва фаромадани кӯҳпораҳо осеб мебинад. Лекин роҳе, ки дар мувозинаи намояндагии минтақаи Суғд мебошад, аз ҷиҳати релеф на он қадар хавфнок аст.

Дар қитъаи ноҳияи Шаҳристон ва Истаравшан аз К165+726 то К237 ҳолатҳои яхбандӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Дар фасли баҳор фаромадани ҷинсҳои кӯҳи ва сангрезаҳо аз К166 то К168, аз К173 то К174 – ум мушоҳида мегардад, ки ин қитъаи роҳ таҳти назорати доимии кормандон қарор дорад.

- Оё техника ва лавозимоти техникие, ки барои бартараф намудани офатҳои табиӣ лозиманд, басандагӣ мекунанд?

- Дарвоқеъ, имрӯз таъмин бо техника ва механизмҳои роҳдорӣ барои ширкати мо яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Зеро барои бартараф намудани офатҳои табиӣ техника ва механизмҳои роҳдории муосир лозим аст. Айни замон дар намояндагии Суғдии ширкат 51 техника мавҷуд буда, аз он 35 адад техника ва механизмҳои роҳдорӣ барои гузаронидани мавсими зимистон сафарбар карда шудаанд.

Ба ҳамаи ин техникаҳо ронандагони пуртаҷриба вобаста гардидаанд, ки барои бартараф намудани офатҳои табиии руҳдода ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Ҳамчунин, тавассути техникаҳои намояндагии Суғдии ширкат дар соли 2020 масоҳати зиёда 63800 метри мураббаъ ё ки 6,2 километри роҳ мумфарш карда шудааст, аз он ҷумла дар қитъаи №1 К176+870 то К200+926 ва дар қитъаи №4 аз К364+400 то К368+200 корҳои таъмирӣ гузаронида шуд. Таъмири чуқурчаҳои фарши роҳ бошад, дар масоҳати зиёда аз 2004 метри мураббаъ ба анҷом расонида, барои таъмир мумқири гарм ба миқдори 9530 тонна истеҳсол ва масраф карда шуд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки намояндагии суғдии ширкат дорои корхонаи асфалтбарорӣ буда, аз соли ба истифодадиҳии заводи мазкур то ин дам 86 700 тонна асфалт истеҳсол кард, ки барои таъмири роҳ сарф гардид.

- Шароити кормандони ширкат ва таъмини онҳо бо сарулибоси корӣ ва гарм чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Қайд кардан бамаврид аст, ки алҳол дар намояндагии минтақаи Суғд барои таъмир ва нигоҳдории роҳ 60 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият намуда, бо маоши хуб таъминанд. Албатта, бо сарулибоси ягона ва гарм низ дар фасли сармо таъмин намудани кормандони роҳдорӣ яке аз вазифаҳои асосии ширкат ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт аз ҷониби ҳам филиали ширкат ва ҳам намондагии минтақа корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи дархост оид ба талаботи кормандон бо сарулибоси корӣ, аз ҷумла, пойафзол, дастпӯшак, айнакҳои ҳимоякунанда харидорӣ ва дастрас гардидааст. Алҳол ҳамаи кормандони роҳдории намояндагӣ ба қитъаҳои вобастагардида сафарбар шуда, барои таъмини бехатарии роҳ тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Кормандон бо ратсия (асбоби огоҳкунанда) таъмин буда, дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳодисаҳои баамаломада роҳбариятро огоҳ менамоянд.

Дар умум, имрӯз фаъолияти намояндагии минтақаи Суғдии ширкат фаъолияташро хуб ба роҳ монда, барои сари вақт бартараф намудани офатҳои дар роҳ баамаломада ва таъмини бехатарии воситаҳои нақлиёт тамоми қувваи худро равона месозад.

- Ташаккур барои суҳбат.

Суҳбаторо Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh