Муродҷон Тоҳиров: ИҶЛОСИЯ ТАҚДИРИ МИЛЛАТРО ҲАЛ НАМУД...

Танҳо дар тақозои далелу арқомҳо неку бади ҳар давра ва ҳар ҳодисаи таърихӣ беҳтару возеҳтар аён мешавад. Барои он ки аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ возеҳу рӯшан шинохта шавад, аввал бояд вазъияти он давра, шабурӯзи ҷумҳурӣ, шароити иқтисодию ҳолати равонии мардум пеши назар оварда шаванд.

Дар он шабу рӯзе, ки дар Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ баргузор мегашт, дар кишвар вазъият басо ноором буд, оташи ҷанг аланга мезад, хуни бегуноҳони зиёде мерехт. Мардуми ҷабрдидаю азияткашида аз фардои нек умедашонро канда буданд. Ба ибораи дигар, «рӯшание аз он тарафи нақб намудор набуд».

Бинобар ин, вақте даргириву кашмакашҳои он давраро ба суботу осоиштагие, ки зина ба зина ба даст омад, муқоиса мекунем, ба ин хулоса мерасем, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, барҳақ, барои суботу амнияти кишвар ва нигоҳ доштани миллати тоҷик аз нобудӣ заминаи воқеӣ гузошт. Баъдтар, вақте қарору тасмимҳо дар иҷлосия гирифта шуданд, оҳиста - оҳиста дар дили мардуми ноумедгашта, тухми умед сабз шуд, ки ин самари дигар ва муҳимтари иҷлосия мебошад. Гузашта аз ин, якпорчагии давлат, ваҳдати мардуми Тоҷикистон ва рӯз ба рӯз ба ободиву хушрӯзӣ расидани кишвар ва сокинони он ҳосили ҳамон иҷлосия аст.

Ҳар нафаре, ки худ дар ин иҷлосия ширкат варзидаву суханронии Пешвои муаззами миллатро дар он сол ҷиҳати хомӯш гардондани оташи ҷанг, баргардондани гурезаҳо ва таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон шунидааст, тақдирсоз будани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олиро басо хуб дарк мекунад. Яке аз иштирокчиёни фаъоли иҷлосияи мазкур, вакили мардумии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1990-95) Муродҷон Тоҳиров мебошад. Авроқи зиндагии ин марди шуҷоъ хеле рангину аҷоиб буда, пур аз ифодаи воқеот ва талошҳо баҳри сулҳу осоиштагӣ, беҳбудии рӯзгори мардум ва саҳмгузорӣ дар пешбурди соҳоти мухталифи кишвар мебошад.

Муродҷон Тоҳиров 16 августи соли 1953 дар деҳаи Даштаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи умумии № 15, яъне соли 1969 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1974 бо муваффақият хатм намуд. Фаъолияти кори хешро ба ҳайси нозир дар Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд оғоз намуда, таи солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ хизмат намудааст.

Аз ҳолномаи зиндагиаш бармеояд, ки дар ҷараёни фаъолияти хеш полковник Муродҷон Тоҳиров худро чун роҳбари пурмасъулияту кордон, шуҷову боматонат, меҳнатдӯсту соҳибтаҷриба ва инсони нексиришт муаррифӣ намуда, дар байни ҳамкорон бо малакаву муносибати некаш хуб пазируфта шуда буд. Ин буд, ки давлату Ҳукумат хизматҳои бисёрсолаашро ба инобат гирифта, бо медали “Хизмати шоиста” ва чандин медалҳои ҷашниву ифтихорномаву сипосномаҳои давлатӣ сарфароз гардонидааст. М.Тоҳиров шукргузор аст, ки новобаста аз вазъи давр ва душвориҳо дар ҷодаи фаъолият, тавонист дар зиндагӣ низ ҳамроҳи ҳамсафари умраш чаҳор фарзандро дар руҳияи донишандӯзиву илмомӯзӣ, инсонигарии баланд тарбия намудаву алҳол ҳар яке соҳибмаълумот, пайи кору пайкори хеш гаштаанд.

Аз он рӯзҳои таърихиву сарнавиштсози кишвар - баргузории яке аз рӯйдоди муҳими айём - Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки, ба сарзаминамон сулҳу оромӣ овард, 28 сол пур шуд.

Аз ин лиҳоз, авроқи хотироти ин родмарди шуҷоъро мехонем ва ӯ мегӯяд: ... Аз саҳифаҳои таърих аён аст, ки Иҷлосия санаи 16 ноябри соли 1992 ба кори худ шурӯъ кард ва ҳамон ҷо – дар Қасри Арбоб тақдири миллат ва Ватани моро ҳал намуд.

Дар он давра гузаронидани чунин як Иҷлосияи муҳим зарур ва саривақтӣ буд, аммо бо ҳам овардани тамоми вакилон дар чунин вазъияти вазнин кори осон набуд. Иҷлосияи мазкур аз санаи 16 ноябр то санаи 2 декабри 1992 идома ёфт. Вакилони мардумӣ дар як муддати кӯтоҳ масъалаҳои муҳими сиёсиро баррасӣ карданд. Аз рӯзномаи иҷлосия бармеояд, ки масъалаҳои гузошташуда дарди дили мардумро бозгӯ мекарданд. Яке аз масоили муҳиме, ки минбаъд ҳал гардида, боиси пешрафти кори иҷлосия шуд, ин интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Рӯзи сеюми баргузории Иҷлосия, яъне 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд...” – Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷиҳат дорои аҳамияти бузурги таърихист, ки он Ҳукумати моҳиятан навро рӯи кор овард, – ёдовар мешавад М.Тоҳиров, – ин Ҳукумат ба кишвар сулҳ овард, сулҳе, ки мамлакатро осудаю ором, халқро сарбаланду сарфароз, ба ояндаи пурнури худ умедвор гардонд. Муҳимтарин аҳамияти таърихии ин Иҷлосия аз он иборат аст, ки хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пароканда шудани миллатро пешгирӣ намуда, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.

Инак, пас аз гузашти солҳо, пас аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ нерӯи бузурги созандагию бунёдкории мардуми Тоҷикистон эҳсос шуд, ки самараи худшиносии миллӣ ва эҳтироми арзишу суннатҳои миллӣ мебошанд. Алҳол собиқадори соҳа, полковники мустаъфӣ М. Тоҳиров дар иҳотаи пайвандону наздиконаш давлати орому осудаи пирӣ меронад, дар ҳамаи вохӯриҳову суҳбатҳояш бо қаноатмандӣ аз ҳаёти имрӯзаи Ватани худ ҳарф зада, таъкид медорад, ки бояд ба қадри неъматҳои бузург – соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ расему арҷ гузорем.

Рӯзҳо гузаштанду солҳо ҳам мегузаранд. Мо фаромӯш насозем, ки замоне дар Тоҷикистони азизи мо ҳамдигарфаҳмӣ набуд, шароити вазнину басо даврони ноором дар дили мардум умед ба ояндаро барбод дода буд. Чунин ҳисоб мекунам, ки барои фароҳам омадани сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ҳар фарди солимфикр аз ваҳдату сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, аз Сарвари раиятпарвар, хирадманд, дурандеш ва фидокори кишварамон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор бошанд. Чунки маҳз заҳматҳои пайвастаи ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки дар фазои кишварамон баъди торикиҳо аз нав офтоби сулҳу осоиш нурпошӣ кард.

Барои чунин хизматҳои беназиру қаҳрамониашон номи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърихи халқи гавҳаршиноси тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳанд шуд.

- Таъкиди як нуктаи муҳимро зарур мешуморам: шарти инсофу одамгарӣ ҳамин аст, ки ҳар кадоми мо ба қадри беҳбудӣ, ба қадри ободию осоиштагӣ расида тавонем. Имрӯз кишвари мо ба як мулки ободу озод табдил ёфта, сокинонаш дар партави сулҳу ваҳдат оромона умр ба сар мебаранд. Воқеан Иҷлосия анҷумане буд, ки саодат ба миллат овард, - зикр дошт Муродҷон Тоҳиров.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh