ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ

Нури Истиқлоли даврон дар саросари кишвари мо нурпошӣ дораду замину замон рӯз аз рӯз зебову дилрабо гашта истодааст. Ба мушоҳидаи ман, пас аз гузашти муҳлати на он қадар зиёд, вақте ба диёре ташриф меорӣ, ба ростӣ, дигаргунии он ба чашм намоён аст.

Биноҳои баландошёна, иншооти қоматафрохта, муассисаҳои табобатию мактабу боғчаҳои кӯдакона ободу зебосту гулғунчаҳои боғи умри инсонӣ бо руҳияи болида ҷониби муассисаи таълимӣ равонанд. Маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд низ обод гардидаасту корхонаҳои азим, иншоотҳо, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фароғатии дилнишину назаррабо мардуми хушбахтро бо ҳам ҷамъ намудааст. Ҳамаи инро метавон гуфт, самараи Истиқлолияти давлати соҳибихтиёр аст, ки наздик сӣ сол инҷониб сокинонаш баҳри ободию шукуфоии он камари ҳиммат бастаанд. Мухбири рӯзнома тасмим гирифт, аз боби ободонӣ, тараққиёт ва рушду нумуи маркази вилоят, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо чанд суол муроҷиат намояд: 

- Чанде пас ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил хоҳем кард. Баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузор намудани ҷашни бузурги миллӣ ҳар як шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот нақша - чорабинӣ тартиб доданд.

Дар ин бобат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бобати ободонӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии яке аз шаҳрҳои куҳантарин ва овозадори Тирози ҷаҳон чӣ тадбирҳо андешида истодааст?

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона сохта, дар ин давр як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 341 банд иборат аст, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 510 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ се маротиба ситоди корӣ гузаронида, масъулину аъзои гурӯҳи корӣ вазифаҳои мушаххас гирифтанд.

Айни ҳол дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд садҳо иншооти гуногуни иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси хушнудист, ки дар ин муддат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ду маротиба сафари корӣ ба анҷом расонида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо иншооти гуногуни иҷтимоию истеҳсолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Имрӯз мо ифтихор аз ободонӣ, ифтихор аз тинҷию оромӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатӣ дорем, ки дар мулки биҳиштосо зиндагӣ мекунем ва ҳар як ташрифи Пешвои муаззами миллат барои хуҷандиён низ шодиву сурури хоса мебахшад. Чунончӣ, ҷашни Наврӯзи байналмилалиро мардуми Тирози ҷаҳон бо ҳамроҳии Пешвои муаззами миллат дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ таҷлил намуданд. Инчунин, расадхона дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо, Маркази ташхисию табобатӣ дар маҳаллаи Навбаҳор, Маркази савдо ва хизматрасонии “Мавҷ” дар маҳаллаи Мевағул, корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикии дару тирезаҳои ҶДММ “Корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркии “Афранг-Пластик” ва коргоҳи коркард ва бандубасти асали филиали ширкати канадагии “Хантана Канада ИНК” дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд, корхонаи коркарди меваи хушки ҶДММ “Хуҷанд-Агро” дар минтақаи саноатии шаҳр туҳфае буд барои сокинони маркази вилоят баҳри боз ҳам зебову гуворо гардонидани симои шаҳри бостонии Хуҷанд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон.

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ бошад, боз як қатор иншооти истеҳсолию маишӣ, ба монанди коргоҳи дӯзандагии “Суғдиён” дар маҳаллаи Темурмалик, Маркази савдо ва хизматрасонии “Хуҷанд Плаза” воқеъ дар кӯчаи ба номи Рифъат Ҳоҷиев, иншооти “Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд” марҳалаи аввали он, “Таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи №4” КВДК “Хуҷандобуканал”дар доираи сафари дуюми Президенти мамлакат мавриди истифода қарор гирифта буд. Ва бо ҳамин васила боз 175 ҷойи корӣ барои хуҷандиён муҳайё гардид.

Илова бар ин, бахшида ба бузургдошти ҷашни бузурги миллӣ дар маҳаллаҳои шаҳр зиёда аз 71 иншооти гуногуни истеҳсолию маишӣ, ба монанди кошонаҳои ҳусн, марказҳои таълимӣ - омӯзишӣ, устохонаҳои таъмирӣ ва марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид шуданд.

Дар маҷмӯъ, давоми солҳои 2018-2020 - ум 208 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардида, беш аз 432 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки 84,7 фоизи нақшаро фарогир аст.

- Ҳадафи чоруми кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Дар шаҳри Хуҷанд, ки аз ҷумлаи шаҳрҳои саноатӣ ба шумор меравад, то ин дам кадом корҳо ба анҷом расонида шуданд?

- Дар самти саноатикунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ дар шаҳр чораҳои зиёд амалӣ шуда истодааст. Баҳри тақвияти иқтидори ин соҳа теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна ба 169 адад расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 7 адад зиёд мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми моҳҳои январ – августи соли равон ба миқдори 873,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,4 миллион сомонӣ ё 4,9 дар сад зиёд аст.

Ҷиҳати амалишавии занҷираи “ашёи хом–истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – бозори фурӯш” чораҳои зарурӣ андешида, айни ҳол ду корхона - ҶДММ “Ҷавонӣ” ва ҶДММ “Сатн” бо коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ машғуланд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҶДММ “Ҷавонӣ” дар ин давр 650,2 тонна пахта коркард карда, ба маблағи 81,5 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол шуда, ба маблағи 72,3 миллион сомонӣ маҳсулот содирот гардид. Дар ҶДММ “Сатн” бошад, 491,2 тонна нахи пахта коркард, ба маблағи 58,4 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол ва дар ҳаҷми 42,1 миллион сомонӣ содирот шудааст.

Дар даври ҳисоботӣ бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ 12 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ филиали ширкати “Хантана Канада ИНК”, “Афранг пластик”, “Хуҷанд Агро”, “Афиф”, “Ифтихор ва ширкат”, “Асил”, “Акбаров Ф”, “Ҳакимзода С.”, “Мадаминов С”, “Умаров Х”, ҶДММ “Суғдиён” ва ҶДММ КД “Амир” бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ таъсис дода, иқтидори истеҳсолии онҳо дар як сол 1231,2 тонна маҳсулоти гуногуннавъ мебошад.

Инчунин, ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди “Арча - мебел”, “Ариана - металл пласт”, “Кабири Хуҷанд” бо таҷҳизотҳои технологии истеҳсоли ширкатҳои пешрафтаи Аврупо, аз қабили “Интермик” (Полша), “КОМПО” (Белоруссия), “ПОЛИКЛИП” (Олмон), “МАТИМЕКС” (Австрия), “Афранг пластик” (Туркия), филиали ширкати “Хантана Канада ИНК” (Канада) таҷҳизонида шуданд. Ва боз барои 89 нафар шаҳрванд ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Пешвои муаззами миллат борҳо оид ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили коргоҳҳои коркарди меваю сабзавот ва зиёд намудани содирот дастур доданд. Дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ панҷ корхонаи коркарди меваю сабзавот ва нӯҳ корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳо фаъолият намуда, аз тарафи онҳо 2,6 миллион қуттӣ консерва ва 338,3 ҳазор декалитр нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол шуданд.

- Тавре ёдовар шудем, шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин маҳсуб ёфта, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин мавзеъ хеле рушд ёфтааст. Пас аз эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чӣ тадбирҳо андешида шуданд?

- Бо иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва дар ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ чораҳои мушаххас андешид.

Бо мақсади рушди сайёҳӣ дар маркази вилоят даҳ муассисаи сайёҳии ҶДММ “Спутник”, ҶДММ “Саёҳати олӣ”, ҶДММ “Олами саёҳат”, ҶДММ “Ҷаҳонгард”, ҶДММ “Алп Сомон-тур”, ҶДММ “Панҷистон”, филиали ҶДММ “Вояҷтур”, филиали ҶДММ “Шоҳинтур”, Ассотсиатсияи тараққиёти туризми “Зарафшон” ва муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолият бурда истодаанд. Муассисаҳои сайёҳӣ 24 хатсайр ташкил намуданд, аз ҷумла “Қалъаи Хуҷанд”, “Душанбе - пойтахти Тоҷикистон”, “Кӯҳистони нишот”, “Водии ҳунармандон”, “Панҷакенти бостонӣ”, “Зебогии кӯҳҳои Шаҳристон”, “Конибодоми таърихӣ”, “Баҳри тоҷик” ва “Хони кушода” барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонанд ва инчунин 14 меҳмонхона бо 873 ҷой барои қабул омодааст.

Барои сайёҳон 15 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон ва инчунин дар дохили меҳмонхонаҳо нуқтаҳои фурӯши армуғонҳо ташкил шудааст.

Шаҳри мо умри беш аз дунимҳазорсола дорад, аз ин рӯ, мавзеъҳои таърихиаш, ба монанди 36 ёдгории таърихӣ, 5 ёдгории археологӣ ва 21 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат фахри сокинон аст.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи соҳаи туризм ва муаррифӣ намудани захираҳои сайёҳии кишвар дар тахтаҳои таблиғотии кӯчаву хиёбонҳо шиору овезаҳо дар мавзӯи рушди сайёҳӣ насб шудааст. Инчунин, боиси ифтихори мост, ки пас аз таъмиру тармим ва азнавсозиҳо на танҳо мардуми шаҳри Хуҷанду вилоят, балки меҳмонони хориҷӣ низ аз боғҳои фарҳангию фароғатии «Камоли Хуҷандӣ», «Наврӯзгоҳ», «Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ» ва «Ғалаба» дидан намуда, дар бобати зебогии онҳо бо таассуроти бою рангин фикру андешаи хешро иброз доштаанд.

Дар давоми се соли охир ба шаҳри Хуҷанд 137252 нафар, аз ҷумла 9105 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 128147 нафар сайёҳони дохилӣ ташриф оварда, бо мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ ошно гардиданд.

Барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ бо ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр шиногоҳи соҳили дарёи Сир аз нав эҳё гардид ва дар соҳили дигари он дар ҳудуди 300 метр шиногоҳи нав, майдончаҳои бозии футболу волейбол ва теннис, пайроҳа, нуқтаҳои фурӯши обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои шаҳрвандону сайёҳон бунёд карда шудааст. Дар маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар як вақт сад нафар варзишгар ва ҳазор нафар сокинону меҳмонони шаҳр истироҳат карда метавонанд.

Дар ҳамин давр 37 адад истгоҳ бо таҷҳизотҳои замонавӣ барои рекламаҳои самти сайёҳӣ сохта, ба истифода дода шуда, ҳоло боз сохтмон дар дигар кӯчаҳо идома дорад.

Инчунин, сомонаи интернетии www.Khғjand.tj амал мекунад, ки дар он ҳамарӯза маводҳои тарғиботӣ оид ба манзараҳои сайёҳии шаҳр, роликҳои тарғиботӣ вобаста ба фаслҳои сол таҳия ва пахш гардида, тариқи шабакаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ намоиш дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Ютуб ҷойгир карда шудааст.

Ҳамчунин, тарабхонаи “Темурмалик” дар соҳили дарёи Сир дар намуди киштии рамзӣ, роҳи танобии дорои 47 ҳуҷра дар масофаи 35 метр баландӣ дар дарёи Сир ва дар доираи тақвияти соҳаи сайёҳӣ меҳмонхонаи «Суғдиён» азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид гардида, дар хизмати меҳмонон ва сайёҳон мебошад.

- Хуҷанд шаҳри қадим аст ва мардумаш бо истеъдоду ҳунармандиаш, маданияту маорифпарвариаш шуҳратёр гардидаанд. Дар маркази вилоят соҳаҳои маориф ва тандурустӣ низ рушд ёфтааст. Солҳои охир иншоотҳои марбут ба соҳоти иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ба таври замонавӣ қомат афрохта, аз ҷиҳати таъминот бо таҷҳизоти муосир низ пешравиро аз даст надодааст.

Чун раиси шаҳри Хуҷанд баҳри ободонӣ ва шукуфоии диёри ҳамешабаҳорамон чӣ нақшаҳоро тарҳрезӣ намудаед?

- Шаҳри Хуҷанд оинаи вилоят аст, бинобар ин барои боз ҳам зебову дилоро намудани он аз тамоми имкониятҳо истифода мебарем. Пеш аз ҳама, барои татбиқи нақшаҳои генералии шаҳр, ки бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, кӯшиш менамоем.

Сониян, барои беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ тамоми чораҳоро меандешем, ба монанди сифатан беҳтар намудани хизматрасонии коммуналӣ, фаъолияти мунтазами нақлиёти мусофиркашон, кори бозорҳо ва марказҳои савдоро боз ҳам беҳтар ба роҳ мемонем. Ният дорем, ки мавзеъҳои таърихии Қалъаи Хуҷанд, зиёратгоҳи Ҳазрати Бобо, Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии Шайх Маслиҳатдин ободу барқарор намуда, ба наслҳои оянда мероси гаронбаҳои фарҳангӣ гузорем, ҳамзамон ин тадбир барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ мусоидат хоҳад намуд.

Маҳаллаҳои навбунёдро обод, бо оби нӯшокӣ таъмин намуда, роҳҳоро бунёд ва шаҳрвандонро бо барқи доимӣ таъмин кунем. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, тамоми кӯчаву тангкӯчаҳоро мумфарш намуда, дар маҷмӯъ, азм дорем, ки тамоми таҷриба ва малакаи худро барои беҳтар ва арзанда намудани шароити мардуми шарифи Хуҷандшаҳр масраф созем.

- Ташаккур барои суҳбат.

Суҳбаторо

 Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh