ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПЕШРАФТИ МАСТЧОҲ

Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик марҳалаи сифатан нави ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, давраи нави эҳёи давлату давлатдорӣ гардида, саҳифаи наверо дар сарнавишти халқи куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик боз кард.

Ҳамчунин, дар натиҷаи фаъолияти пурсамар, ҷоннисорӣ, хираду заковат ва сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу осоиш, амнияти комил ва суботи сиёсӣ барқарор гардид. Зиёда аз як миллион муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Дар мамлакат Конститутсия, рамзҳои давлатӣ қабул, парлумони касбӣ интихоб ва Ҳукумати қонунӣ фаъолияти пурсамари худро дар ҳамаи ҷабҳаҳо таъмин намуд, ки ҳамаи ин ба шарофат ва файзи хираду ҷасорат ва матонати Пешвои муаззами миллат насиби мардуми тоҷик шуд. Бинобар ин, ба таъкиди Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмими ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад».

Таҳти роҳбарии дилсӯзонаву музаффаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегӣ, ба монанди таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, инчунин саноатикунонии босуръати кишвар рушди мунтазами ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, махсусан дар ҳафт соли охир таъмин шуда, сатҳи ҳаёту рӯзгори мардуми кишварамон басо баланд гардид. Махсусан, давоми ду соли охир ба истифода додани ду агрегати кохи муҳташами нуристони миллат – Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» собит намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати куҳанбунёду соҳибистиқлоли он қодиранд, ки азимтарин шоҳкориҳои асрро бунёд ва парчами шарафу ифтихори миллиро баланд бардоранд.

Тайи се соли охир дар кишвари нозанину биҳиштосоямон – Тоҷикистони маҳбуб ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон раванди азими созандагию бунёдкорӣ авҷ гирифта, дар натиҷа шаҳру деҳоти мамлакат қабои наву замонавӣ ба бар менамояд. Дар ин замина ва ҳамзамон дар партави эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мушкилоти умдаи шаҳру деҳот, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимию тиббӣ, ободии роҳ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ҳаллу фасл гардида, шаҳраку деҳоти мамлакат боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррам мешаванд. Дар ин миён бо мусоидату раҳнамоӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ низ аз баракати соҳибистиқлолӣ, ҳусну таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ва меҳнати суботкоронаву зафармандонаи сокинони он хеле ободу зебо ва пешрафтаву шукуфон гардид. Имрӯз шумори корхонаҳои саноатии ноҳия зиёда 30 ададро ташкил медиҳанд. Аз 22 адад корхонаи калони саноатии ноҳия 10 адади он ба коркарди пахтаи хом, 4 адад ба истеҳсоли равғани растанӣ, 3 адад ба истеҳсоли хишт, 1-ададӣ ба истеҳсоли семент, маҳсулоти ширӣ, халтаҳои полиэтиленӣ сарукор дошта, инчунин дар ноҳия фабрикаи ресандагӣ ва матбаа ба фаъолияти истеҳсолӣ машғул мебошанд. Аз 8 адад корхонаи хурд 3 адади он ба истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, 3 адад истеҳсоли хишти блок, 1-ададӣ маҳсулоти дӯзандагӣ ва гӯштӣ машғул мебошанд.

Дар маҷмӯъ, дар корхонаҳои саноатии ноҳия зиёда аз 30 номгӯй маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия дар соли 2019 ба 240 миллиону 694 ҳазор сомонӣ, дар ҳашт моҳи соли равон бошад, ба 93 миллиону 5754,3 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст. Тайи ду соли охир дар ҳудуди ноҳия 5 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Мастчоҳ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 146 километр роҳҳо ба маблағи зиёда аз 150 миллион сомонӣ пурра таҷдиду азнавсозӣ ва мумфарш гардонида шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба ноҳияи Мастчоҳ сафарҳои корӣ анҷом доданд, ки аз файзи баракати қадамҳои Пешвои миллат даҳҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи соли 2011 дар ноҳияи Мастчоҳ калонтарин фабрикаи ресандагии ҶСП “Олим - текстайлз” ба номи 20 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, (айни замон ҶДММ “Ангубин”) мавриди истифода қарор дода шуд. Барои сохтмон ва таҷҳизонидани ин корхонаи саноатӣ қариб 140 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Моҳи марти соли 2016 зимни сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Андарвашти Ҷамоати деҳоти Оббурдон муассисаи нави таълимиро ба истифода дода, барои бунёди шаҳраки наву замонавии Ганҷобод санги асос гузоштанд. Бо иштироки Пешвои миллат дар маркази ноҳия маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт ва дар пояи он Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки: «Мардуми Мастчоҳ меросбарони асили фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи ниёгонамон ҳастанд, ки маҷмӯи суннату падидаҳои таърихии аҷдодамонро бо ойинҳои навини даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз омезиш дода, бо ин роҳ дар ғанӣ гардонидани фарҳанги миллиамон ҳиссаи арзишманд мегузоранд». Баъдан бо ҳидояти Пешвои миллат дар ноҳия қасри бошукӯҳи фарҳанг бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат бунёд гардид, ки арзиши умумии он зиёда аз 30 миллион сомониро дарбар мегирад. Инчунин, дар ноҳия варзишгоҳи муосир барои 10000 ҷойи нишаст, қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ» барои 400 ҷой, майдони Парчами давлатӣ, бинои маркази адлия, Боғи фарҳангу фароғатии «Тоҷикистон», бинои Кумиҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, фермаи ширию молӣ, муассисаҳои таълимии томактабии «Ваҳдат» ва «Насли Ориё», муҷассамаи рамзии «Пахтаи шукуфон» бунёд ва тамоми роҳҳои дохилии шаҳраки Бӯстон азнавсозӣ гардиданд.

Дар шаҳраки Суғдиён корхонаи паррандапарварӣ ва дар маҳаллаи навбунёди Ганҷобод муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ барои 1200 ҷой дар ду баст бунёд гардид. Умуман, дар дораи Нақшаи муфассали корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия бунёд, таъмир ва азнавсозии 535 иншоот бо маблағи умумии 315 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар ин радиф, то имрӯз 397 иншоот, аз ин шумора дар 9 моҳи соли равон 133 иншоот ба маблағи 119 миллион сомонӣ, аз он ҷумла 2 адад муассисаи таълимӣ, 1 адад мактаби хусусӣ, 5 Маркази саломатӣ, 7 майдончаи варзишии замонавӣ, 3 маркази хизматрасонӣ, тӯйхонаи муосир бунёд гардида, 12,3 километр роҳҳо пурра мумфарш шуданд.

Ҳамаи ин шукуфоӣ, пешравӣ ва ободию созандагӣ аз файзи дастгирию пуштибониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳ, самимият ва лутфу меҳрубониҳои ин Сарвари аъзам нисбат ба ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Бинобар ин, мо - сокинони ноҳия бо Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ифтихор мекунем, барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи ин абармарди миллат тамоми саъю талоши худро равона карда, бо камоли ҳастӣ бо Ватан, Истиқлолият ва Пешвои миллат шукрона менамоем.

Тоҳир АЗИЗЗОДА,

раиси ноҳияи Мастчоҳ

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh