Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод

22 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст Раиси вилоят ҳолати кунунии пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-1”-ро мавриди назар қарор дод. Пойгоҳи обкашии мазкур аз шаш агрегат иборат буда, тавассути он заминҳои беканори ноҳияи Зафаробод обёрӣ карда мешавад. Айни замон аз тарафи мутахассисони идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия таъмири пойгоҳ идома дошта, он барои соли оянда омода мегардад.

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Зафаробод тавассути пойгоҳҳои обкашӣ зиёда аз 32 ҳазор гектар заминро дар мавсим бо оби полезӣ таъмин менамояд. Соли равон аз ҷониби идора ба миқдори 300 миллион метри мукааб ё худ ба маблағи зиёда аз шаш миллион сомонӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ об расонида шудааст. Дастгирии кишоварзон ва сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани онҳо таҳти таваҷҷӯҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо ин мақсад барои мавсими соли 2020 аз тарафи Раиси вилоят ба хоҷагии оби ноҳия 1,9 миллион сомонӣ маблағ ҷудо ва дастрас карда шуд, ки дар натиҷа хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ таъмин гардиданд.

Зимни шиносоӣ Раиси вилоят таъкид дошт, ки барои сари вақт омода гаштани тамоми пойгоҳҳои обкашӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамаҷиҳата кӯмак мерасонад.

Дар хоҷагии деҳқонии “Турсунзода”-и Ҷамоати шаҳраки Зафаробод Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардида, худ бевосита дар ғунучини “тиллои сафед” ва ғанӣ гардонидани хирмани пурбори марди деҳқон саҳм гузошт.

Тавре таъкид гардид, ноҳияи Зафаробод калонтарин ноҳияи пахтакори вилоят ба ҳисоб рафта, соли равон заркорони ноҳия дар майдони умумии 14282 гектар пунбадона кишт намудаанд ва азм доранд наздик 30 ҳазор тонна дури гаронбаҳо ҷамъоварӣ намоянд. То ба санаи 23-уми октябр кишоварзон ва ҳашарчиёни ноҳия 20 ҳазору 608 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин 68,9 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ин рӯз аз тарафи Раиси вилоят ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи пахтатозакунии Ҷамъияти саҳҳомии “ДСМ-19” шинос шуд. Корхонаи мазкур дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол қабл мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. То кунун корхона аз хоҷагиҳои деҳқонӣ беш аз 3400 тонна пахта қабул намуда, бо истифода аз навтарин дастгоҳу таҷҳизот пахтаро коркард намудааст.

Аснои шиносоӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани доираи фаъолияти корхона, насби хатҳои нави истеҳсолӣ ва то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми саноатӣ - пахта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh