Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”

Нимаи дуюми рӯзи 21 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз густариши робитаҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

Раиси вилоят изҳор дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар ҳадафи стратегӣ эълон гардида, дар ин росто барои расидан ба ин ҳадаф аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Таъкид шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар вилояти Суғд то соли 2021 бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шуда, танҳо дар нуҳ моҳи соли равон 73 корхонаву коргоҳи нав бо 1085 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуд.

Аснои суҳбат зикр карда шуд, ки илова бар корхонаҳои нав бояд иқтидори корхонаҳои мавҷудбуда самаранок истифода бурда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол ба сол зиёд карда шавад.

ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”аз корхонаҳои калонтарини вилоят аст, ки даҳ сол пеш ба фаъолият оғоз намуда, консентрати сурб ва руҳ истеҳсол менамояд. Агар дар оғози фаъолият – соли 2010 дар корхона ба маблағи 23,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида бошад, ин рақам дар соли 2019 ба 2 миллиарду 562 миллион сомонӣ баробар гардид.

Гуфта шуд, ки тибқи таҳлилҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар корхона оқибмонӣ ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли равон 1 миллиарду 5 миллион сомониро ташкил додааст.

Дар фарҷоми мулоқот Раиси вилоят бо таҳлили фаъолияти корхона барои беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолӣ ба роҳбарияти корхона дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh