ДЕВАШТИЧ: ИҚТИДОРИ «КӮҲАК» МЕАФЗОЯД

ҶДММ «Ҳаҷмис» коргоҳи хиштбарорӣ аз соли 2009 амал менамояд. Имрӯз маҳсулоти он на фақат дар ноҳия, балки берун аз он низ харидоргир аст. Алҳол дар ихтиёри ҷамъият коргоҳи истеҳсоли хишт ва сехи коркарди қуму шағал ба таври доимӣ фаъолият доранд. Дар рӯзҳои ташрифи Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иқтидори «Ҳаҷмис» дар мавзеи «Куҳак» боз афзуд. Яъне як сехи дигари хиштбарорӣ ба кор оғоз кард, ки иқтидори истеҳсолии он дар як сол 3 миллион дона хишт мебошад.

Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода ҳангоми ифтитоҳи коргоҳ қайд кард, ки ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолият зиёда аз 300 адад иншоотҳои гуногун дар нақша ҳаст, ки аллакай 220 - адади он мавриди истифода қарор гирифтанд. Рӯзҳои наздик дар ноҳия корхонаи коркарди шир, як қисмати фермаи мурғпарварӣ, чанд нуқтаҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, дирӯз дар гимназияи №3 чор синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Назар ба гуфти сарвари «Ҳаҷмис» соҳибкори ватандӯст Абдуҷамол Ҳусейнов, сехи мазкур дар масоҳати 20 гектар ҷой гирифтааст. Алҳол дар ин ҷо 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо маоши хуб таъмин буда, бар замми ин хӯрду хӯрок ройгон аст. Самараи меҳнати коргарон дар як шабонарӯз то 15 ҳазор хишти хушсифати пухта мебошад. 12 нафар хиштчиндухтарони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин гаштанд.

Умуман, дар коргоҳҳои ҶДММ «Ҳаҷмис» имрӯз то сад нафар бо кори фоиданок шуғл доранд ва самараи меҳнати солонаи аҳли заҳмат бо якҷоягии «Кӯҳак» ба 10 миллион дона хишт наздик аст.

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ,

ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh