Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ва корхонаи “Суғдиён”

Имрӯз, 20 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” шинос гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки чанд моҳ қабл дар рӯзҳои таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳи нави дӯзандагӣ дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд”  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, имрӯз фаъолияти муназзам дорад.

Дар коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ”Нассоҷи Хуҷанд” муосиртарин таҷҳизот ва технология, ки истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия ва Италия мебошанд, васлу насб гардидаанд.

Маҳсулоти коргоҳи навтаъсиси дӯзандагӣ аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол гардида, ба талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар коргоҳ дар ду баст 200 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд, ки 90 дарсади онҳо занону бонувон мебошанд.

Маҷмуъан дар корхонаи “Нассоҷии Хуҷанд” беш 280 нафар кормандон фаъолияти пурсамар доранд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ”Нассоҷии Хуҷанд”  бо назардошти вуҷуд доштани имконияти фарохи заминаи истеҳсолӣ ва ашёи хом ҷиҳати тавсеа бахшидани фаъолият ва афзун намудани шумораи кормандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид шуд, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷи Хуҷанд” ҳафт коргоҳ, аз қабили ресандагӣ, бофандагӣ, рангу пардоздиҳии риштаву матоъҳо ва истеҳсоли либоси гуногун мавҷуд аст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бобати тарғиби молу маҳсулоти корхона ва ба бозори кишварҳои Россия, Қазоқистон, Белорус ва давлатҳои Аврупо содирот намудани маҳсулот ба масъулин супоришҳо дод.

Масъулини корхона иттилоъ доданд, ки нақша доранд дар асоси шартнома содироти маҳсулотро ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Беларус ба роҳ монанд. То имрӯз ба маблағи 64 000 доллари амрикоӣ барои дӯхти либосҳои мактабӣ аз Ҷумҳурии Белорус фармоиш қабул карда шудааст.

Ҳини шиносоии Раиси вилоят бо раванди истеҳсолот дар ҶДММ «Суғдиён» иттилоъ дода шуд, ки корхона бо чандин ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ба монанди «Текстил трейд»-и Федератсияи Россия ва «Бил Бом Бо»-и Ҷумҳурии Белорус шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва дар оянда маҳсулоти дӯзандагии ин корхонаи калони шаҳри Хуҷанд ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Айни замон корхонаи мазкур дар баробари дӯхти  либосҳои зебою шинам барои кӯдакон ва калонсолон, ниқобу хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ, инчунин  барои кормандони НБО “Роғун” комбинзон ва мактабиёни шаҳри Хуҷанд френчҳои шинамро ба роҳ мондааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh