Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен

19 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст бо иштироки Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст. Маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” аз тарафи соҳибкор Ҷамшед Бозоров бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ бунёд гардида, он ба сокинону меҳмонони ноҳия хизмат мерасонад.

Зимни ифтитоҳи чойхона қайд карда шуд, ки бо дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон дар бунёди иншооти гуногун саҳм гузошта, ба ин васила барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши назаррас мегузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки  Маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” 20 нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафар ҳамзамон бо фаъолияти гармхонаи соҳибкор Шаҳноза Каримбоева, корхонаи пахтатозакунии “25-солагии Истиқлолият”, сохтмони бинои маркази хизматрасонӣ, сехи коркарди шир, рафти ҷамъоварии пахта дар Ҷамоати деҳоти Тағояк шинос гардида, барои тақвияти корҳои ободонӣ, афзун намудани маҳсулоти гармхонаҳо, ҳарчи зудтар ба итмом расонидани маъракаи ҷамъоварии пахта ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh