Саҳми соҳибкорон дар афзоиши номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда назаррас аст

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳм ва нақши соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд теъдоди корхонаҳои саноатӣ афзуда, номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд гардида истодааст.

Яке аз чунин корхонаҳои саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷан фаъолият дошта, бо истеҳсоли шоколад ва қандҳои гуногун машғул аст, ки чанде пеш Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти он аз наздик шинос гардид.

Корхонаи истеҳсоли шоколад ва маҳсулоти қаннодӣ бо ҳиссагузории соҳибкорони маҳаллӣ фаъол гардида, барои бунёди он 500 000 сомонӣ ва барои васлу насби таҷҳизот 1 000 000 миллион сомонӣ масраф шудааст.

Раиси вилоят аз чунин ташаббуси созандаи соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, амалишавии чунин тадбири шоистаро саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда донист. Зеро бино ба  таҳлилҳо дар кишвар ва вилоят чунин маҳсулоти шириниву қаннодӣ аксаран  аз беруни мамлакат ворид карда мешавад. Роҳандозии истеҳсоли чунин маҳсулот дар дохил метавонад воридоти шоколад ва қандҳои  гуногунро то андозае коҳиш диҳад.

Аснои боздид аз ҷониби Раиси вилоят ба муассисони корхона барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ дастуру тавсияҳои судманд дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh