Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Пайрави Хуҷанд”

30 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ “Пайрави Хуҷанд” шинос гардид.

Корхонаи мазкур яке аз беҳтарин фабрикаҳои мурғпарварӣ буда, дар он 40 000 сар мурғ парвариш карда мешавад. Корхона чӯҷаҳои гӯштии навъи бройлерро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид намуда, давоми чиҳил шабонарӯз барои ҳамчун гӯшт истифода бурдан омода мекунад. Дар корхона технологияи муосир насб гардида, парваришу нигоҳубини мурғ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст. ҶДММ “Пайрави Хуҷанд” имкон дорад, ки саршумори мурғҳои гӯштиро боз ҳам зиёд намояд.

Раиси вилоят ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, саҳми чунин корхонаҳоро ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти мурғ назаррас арзёбӣ кард.

Воқеан ҳам бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар вилоят теъдоди фабрикаҳои мурғпарварӣ сол аз сол зиёд гардида, масъулони фабрикаҳои парандапарварӣ бо парвариши паранда ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузошта истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh