Соҳибкорони тоҷику ӯзбек корхонаи коркарди метал бунёд мекунанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи боздиди корӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” рӯзи 30 сентябр бо ҷараёни бунёди корхонаи коркарди металҳои дуюмдараҷа шинос гардид.

Корхонаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои самараноки соҳибкорони ватанӣ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд гардида, масоҳати он 3 гектарро ташкил мекунад. Барои бунёд ва фаъол гардонидани корхона 10 миллион доллари ИМА сармоя ҷалб гардида, барои гудохтани метал аз печҳои замонавии истеҳсоли Туркия ва Чин истифода бурда мешавад.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ таъкид кард, ки бо сиёсати оқилонаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳо густариш ёфта истодааст. Рушди муносибатҳои ду давлат ба манфиатҳои халқҳои тоҷику ӯзбек буда, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ба фоидаи ҷонибҳо мебошад.

Зикр карда шуд, ки барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон шароити созгор фароҳам буда, доираҳои тиҷоратӣ дар шарикӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ширкатҳои зиёди муштаракро фаъол сохтаанд, ки имрӯзҳо фаъолияти самаранок доранд.

Ташкили корхонаи нави коркарди металҳо низ ба манфиати соҳибкорони тоҷику ӯзбек буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. Маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда бошад ба содирот нигаронида шудааст.

Пасон, Раиси вилоят бо раванди истеҳсолот дар ҶСП «Ариана Металл Пласт» шинос гардид.

Бояд таъкид кард, ки корхонаи «Ариана Металл Пласт» моҳи октябри соли 2018 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.

«Ариана Металл Пласт» аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва дигар таҷҳизоти маишӣ дар дохил истеҳсол карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh