Соҳибкор Озодамоҳ Қулова дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” корхонаи коркарди мева бунёд месозад

30 сентябри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, рафти бунёди як зумра корхонаҳои саноатиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2009 бо масоҳати умумии 320 га таъсис дода шуда, дар минтақаи саноатии ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Дар МОИ “Суғд” 29 субъект ба қайд гирифта шуда, аз он 13 адад ба фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи соҳибкороне, ки хоҳиши бунёди корхонаи саноатӣ дар минтақаро доранд, то рафт афзуда истодааст. Масалан, соҳибкор Озодамоҳ Қулова тасмим дорад, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ корхонаи навро бунёд намояд.

Тавре зимни боздиди Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, бо ташаббуси ин бонуи соҳибкор корхонаи коркарди меваи хушк бунёд шуда истодааст. Корхонаи нав “Донаи алмос” номгузорӣ шуда, он тибқи нақшаи пешакӣ бо харҷи 600 000 сомонӣ бунёд карда хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи мазкур 40 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми соҳибкорро дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ватани меваҳои шаҳдбор аст ва бо коркарду бандубасти замонавии хушкмеваҳо метавон даромади хуб ба даст овард. Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар бозорҳои минтақа харидорони сершумор дорад ва таъсиси боз як корхонаи коркарди мева омили зиёд шудани ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷа хоҳад шуд.

Сипас, Раиси вилоят аз Ширкати муштараки тоҷикӣ-туркии “Арча-мебал” боздид кард. Ширкат аз ҷумлаи корхонаҳоест, ки фаъолияти назаррас дошта, ба истеҳсоли мебел ва мизу курсиҳо барои муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва ташкилоту идораҳо машғул аст.

Аснои боздид аз ин корхона Раиси вилоят барои зиёд намудани номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини пурраи муассисаҳо бо мебел ва мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh