Дар кўчаи Бобокалонови маркази шаҳри Конибодом ҳаммоми замонавӣ ба истифода дода шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом дар кўчаи Бобокалонови маркази шаҳр дар маросими ифтитоҳи ҳаммоми замонавӣ ширкат варзид.

Ҳаммоми мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Ҳотам Ғаниев сохта шуда, аз 2 ҳуҷра умумии занона ва мардона ва 8 ҳуҷраи алоҳида иборат мебошад.

Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини мамлакат бунёд сохтани ҳаммом, сартарошхона ва кошонаи ҳусн бо харҷи 570 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он шаш нафар бо кор таъмин гардиданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh