ҶАНГАЛ БОИГАРИИ МОСТ!

Ҷангалзор яке аз боигариҳои табиат маҳсуб ёфта, онро ҳифзу эҳтиёт мебояд. Буттаи долу дарахтон дар асл манбаи ҳавои тоза ва гиёҳҳои шифобахш ҳастанд, ки ҳавои тозаро эҳё месозад. Ҳанӯз соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодир Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода буд.

Масъалаи эҳтиёти дарахтони ҷангал, захираҳои табиӣ, олами ҳайвоноту наботот ва муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ва махсусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Айни ҳол беш аз 1 миллиону 300 ҳазор гектарро дар кишвар ҷангалзор ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон буридани дарахтон қатъиян манъ буда, афроди ба ин амал дастзада ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Ҷангалзороне, ки дар вилоят ҷойгиранд, бо паҳноӣ ва боигарӣ қисми зиёди заминҳоро дарбар мегиранд.

Исмонҷон Турдиматов дар минтақаи Гулдараи шаҳраки Адрасмон даҳ сол мешавад, ки ба ҳайси ҷангалбон фаъолият дорад. Бо андӯхти таҷриба мавсуф пайваста дар талош аст, ки рисолати худ – муҳофизати масоҳати майдони ҷангал, ки 5 ҳазору 466 гектар доман паҳн кардааст, дар сатҳи намунавӣ ба роҳ монда, баҳри нашъ- унамои боз ҳам хуби ниҳолҳо саҳм гузорад.

– Ана ин дарахти арчаро ҳанӯз дар наврасӣ ба мо бобокалонамон нишон дода буданд, – гуфт Исмонҷон назди дарахти азиме, ки ҳамоно сершох аст, наздик шуда, – бино ба гуфти пирони деҳ, умри ин арча аз 300 сол гузаштааст ва теъдоди чунин ниҳолҳо дар ин мавзеъ зиёданд, ки ҳифз хоҳем кард.

– Ба чарогоҳи ҳақиқӣ табдил ёфтану буридани ниҳолҳоро дида ҷигарам реш-реш мешуд, – мегӯяд Раҳимбердӣ Ҳаитқулов, собиқадори меҳнат. – Бо омадани Исмонҷон ба ҳамин минтақа вазъият куллан ба хубӣ тағйир ёфт. Шабу рӯз дар талош аст, ки майдони ҷангал доман васеъ кунаду дарахтон нашъунамо ёбанд. Муҳимаш бо қонуншиканҳо муросокор нест, пеши ғайриқонунӣ буридани дарахтонро гирифтаву ба худсарона чаронидани чорво монеъ мешавад. Хушбахтона, ҳоло аҳолӣ дигар ба чунин амалҳои номатлуб даст намезанад.

– Бо омадани Олимбек Юлдошзода шароити боз ҳам хуби корӣ фароҳам омад, – иброз дошт И.Турдиматов. Мавсуф зуд - зуд аз ҷараёни кори мо, ҷангалбонон огоҳӣ ёфта, баҳри пешгирии қонуншиканӣ маслиҳатҳои муфидро дареғ намедорад. Барои иҷрои босифати рисолати корӣ ҳама шароитро муҳайё сохтааст. Бо сарулибоси тахассусӣ ва аспи хидматӣ таъмин мебошем.

Чанд сол пеш бо тариқи ҳашар бошад ҳам, дар яке аз баландиҳои кӯҳӣ хонаи ҷангалбонро бунёд кард, ки паноҳгоҳи хуб аз обу ҳавои номусоид аст.

Он ниҳолакҳои навшинонидаи сафедору бед, ки ҳоло хуб нашъунамо доранду аз насими ҷонбахши кӯҳӣ алвонҷ мехӯранд, ростӣ қалбҳоро фараҳ мебахшанд. Қобили қайд аст, ки ҷангалпарварон ба барқароркунии ҷангалҳои нестгардида бо роҳи мусоидат ба худбарқароршавӣ эътибори ҷиддӣ дода истодаанд.

Барои эҳёи табиат ва рушди ниҳолпарварӣ ҳар сол дар маркази вилоят ярмарка - фурӯши ниҳолҳо баргузор мегардад ва бештари кӯчати ниҳолҳо аз ҷониби хоҷагии ҷангали вилоят пешниҳод карда мешаванд.

Сарсабзӣ нишони ҳаёт ва идомаи зиндагист. Пас, биёед, хурду бузург машғули ниҳолшинониву сабзкорӣ бошему диёри азизамонро боз ҳам ба мулки хуррам мубаддал созем.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh