Эътибор ба ободии роҳҳо ва маҳалли зист

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва идомаи босуръати иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Конибодом бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти таъиноти гуногун вусъат меёбад.

Тайи чанд соли охир дар ҳудуди шаҳр барои муҳайё кардани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ ва идомаи босуръати корҳои ободонию созандагӣ даҳҳо иншооти наву замонавӣ, аз ҷумла марказҳои саломатӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, корхонаҳои хурду миёна ва биноҳои хуштарҳи истиқоматию хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар ин самт соҳибкорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона ширкат намуда, то имрӯз чандин иншооти замонавиро сохта, ба истифода супориданд.

Ҳамчунин, дар ҳудуди шаҳр таъмиру мумфаршкунии роҳҳо идома доранд. Бино ба иттилои Музаффар Тоҳиров, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр дар мувозинаи муассиса 291,17 километр роҳ нигоҳубин мешавад, ки аз он 56,8 километр роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 29,9 километр роҳи ҷумҳуриявӣ ва боқимонда 204,47 километр роҳи аҳамияти маҳаллидошта буда, бояд мувофиқи нақша 114 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда мешуд. То имрӯз аз нақша зиёд, яъне 116 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва 4,5 километр аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, - зикр дошт мавсуф.

Бояд гуфт, ки барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои шаҳр аз тарафи Вазорати нақлиёт дар соли ҷорӣ иловатан 10 тонна муми моеъ ҷудо гардид, ки онро дар заводи ҶДММ «Вектор М» асфалти гарм тайёр намуда, роҳҳои самти асосии Конибодом – Хуҷанд, Конибодом - Равот, Конибодом – Нурафшон – Исфара, Деҳаи Ғалаба – истгоҳи роҳи оҳани Конибодом ва роҳҳои маҳаллие, ки дар он хатсайрҳои мусофиркашон равуо мекунанд, таъмири ҷорӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, дар роҳҳои маҳалии Конибодом - Кӯчкак, Тошлоқ - Зарбед, Таги тӯда - Равот ва Таги бед - Қизил нур корҳои таъмирӣ гузаронида шуда, кӯпруки 14 - метра, ки соли гузашта аснои омадани сел вайрон шуда буд, пурра азнавсозӣ гардид.

Баҳри ободу зебо ва гулзор намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр низ аз ҷониби кормандони Идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Ҳангоми ба шаҳр ворид шудан эҳсос мегардад, ки кӯчаҳо тозаву озода буда, ҷӯйборҳо, саҳни муассисаву ташкилот ободу зебо гаштаанд. Дар канори кӯчаҳои шаҳр дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, руҳияи мардум бо меҳнати созанда ва эҳсоси шаҳрдорӣ болидаву афзун аст.

Директори корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр Аъзамҷон Ҷӯраев гуфт, ки имсол наздик ду ҳазор бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз, 6400 дона гули садбарг, 13 ҳазор дона гули канна ва дигар гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Қомат афрохтани иншооти замонавӣ дар маркази шаҳр ва деҳот боиси фараҳмандӣ ва хушҳолии сокинон гардидааст. Зеро ин ҳама тадбирҳои ободонӣ барои беҳтар шудани шароити кору зиндагии мардум пешбинӣ шудаанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh