Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи “Файзи Расул”

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти корхонаи “Файзи Расул” шинос гардид.

Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, масъулини корхона бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда хатти нави технологиро ворид намудаанд.

Тавассути хатти нави технологӣ, ки аз Федератсияи Россия ворид карда шудааст, истеҳсоли даҳ навъи гуногуни печенӣ ва кулчақандҳо ба роҳ монда шуда, дар марҳилаи аввал 10 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд ва ба коргарон аз 1500 то 2000 сомонӣ маош дода мешавад.

Дар назар аст, ки дар марҳилаи дуюм боз барои 20 нафар ҷойи корӣ фароҳам оварда шавад.

Раиси вилоят ташаббуси роҳбарияти корхонаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои дар оянда бештар намудани ҷойҳои корӣ ва марҳила ба марҳила зиёд намудани истеҳсолот дастуру ҳидоятҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh