Дар машварати кории Раиси вилоят вазъи ҷамъоварии пахта ва омодагии корхонаҳои коркарди пахта баррасӣ шуд

18 сентябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд, ки дар он вазъи ҷамъоварии ҳосили пахта ва омодагии корхонаҳои коркарди пахта мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар машварат масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят, раисони навоҳии пахтакор, сардорони раёсатҳои кишоварзӣ ва раёсатҳои омори шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳои коркарди пахта иштирок доштанд.

Дар оғози машварат Раиси вилоят иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони вилоят бо мақсади мунтазам васеъ кардани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, хосатан пахта ва аз ин ҳисоб таъмин намудани корхонаҳои коркард бо ашёёи хоми ватанӣ тадбирҳои заруриву саривақтиро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 278634 гектар гектар кишти зироатҳо гузаронида шуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба соли 2019-ум 3827 гектар зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини корхонаҳои коркарди пахта ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти аз пахта тайёршуда дар майдони 58177 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, аз тарафи олимону мутахассисони соҳа якҷо бо масъулини шаҳру ноҳияҳо рафти парвариши он тибқи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла шудгори тирамоҳии замин, ворид намудани нуриҳои минераливу органикӣ, сари вақт таъмин намудани оби полезӣ ва нобуд кардани ҳашароти зараррасон зери назорати доимӣ қарор гирифт.

Сипас гузориши муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода оид ба  вазъи ҷамъоварии ҳосили пахта ва омодагии корхонаҳои коркарди пахта шунида шуд. Қайд карда шуд, ки тибқи нақша соли равон истеҳсоли 135 ҳазор тонна пахта дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияи Ашт 16 ҳазор тонна, Бобоҷон Ғафуров 18,9 ҳазор тонна, Зафаробод 31 ҳазор тонна, Конибодом 14,5 ҳазор тонна, Мастчоҳ 28 ҳазор тонна, Спитамен 13,2 ҳазор тонна ва Ҷаббор Расулов 13,4 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ соли 2019 дар вилоят 130283 тонна пахта истеҳсол карда шуд. Имсол низ барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани дастранҷи деҳқонон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 августи соли 2020, №246 «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2020» ситоди вилоятӣ таъсис дода шуд. Тибқи ин қарор сохторҳои дахлдори вилоятӣ барои омода кардани бошишгоҳҳои саҳроӣ ба қабули чинакчиён, зери назорат қарор додани нархи пахтаи чидашуда ва сари вақт дастрас кардани он ба чинакчиён, муайян кардани шартҳои мусобиқаи меҳнатӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор, расонидани хизмати босифати тиббӣ ба чинакчиён, беҳдошти ҳолати санитарию гигиении ҷои истиқомати муваққатии онҳо дар бошишгоҳҳо ва назорати сифати таомҳо вазифадор гардидаанд.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардида, дар асоси маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят ба ҳолати 16 сентябр 5112 тонна ҳосили пахта ғундошта шуда, чиниши пахта идома дорад.

Бино ба иттилои муовини Раиси вилоят дар вилоят 42 корхонаи коркарди пахта бо иқтидори 751 ҳазор тонна мавҷуд буда, аз он 36 ададаш бо иқтидори 688 ҳазор тонна омодаи кор мебошад.

Барои ҳосили соли 2020-ум аз тарафи корхонаҳои коркарди пахта ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 74,2 миллион сомонӣ пули нақд, инчунин 1674 тонна чигити тухмӣ ба ҳисоби миёна ба маблағи 8,4 миллион сомонӣ, 2715 тонна нуриҳои минералӣ ба маблағи 9,8 миллион сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 80 ҳазор литр ба маблағи 520 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Аз ҷумла, дар самти маблағгузорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳми ҶДММ «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, ҶДММ «25-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ «Суғд-стандарт-коттон», ҶДММ «Органик-ян» ва ҶДММ «Тиллои  сафед-н»-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ «Конибодом-коттон»-и шаҳри Конибодом, ҶДММ «Музаффар ва компания», ҶДММ «Ҳамро-2016», ҶДММ «Ҷаъфар»-и ноҳияи Мастчоҳ, ҶСК «ДСМ-19», Кооперативи тиҷоратии «Мирзошавкат», ҶДММ «Зафаробод-инвест»-и ноҳияи Зафаробод, ҶДММ «Юсуф-саркор», ҶДММ «Зафариён», ҶДММ «Шамс-777» ва ҶДММ «Хуҷанд-агро-2018»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров назаррас мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо таҳлили вазъи мавҷуда ба раисони навоҳии пахтакор, масъулини идораҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои коркарди пахта барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, ҳавасманд намудани чинакчиён ва сари вақт пардохт кардани музди кори онҳо, қабули пахта дар корхонаҳои коркард, иҷрои уҳдадориҳо дар самти истеҳсоли пахта дастуру супоришҳо дод.

Бо супориши роҳбари вилоят минбаъд ба ҳар як килограм пахтаи чидашуда 70 дирам ҳақмузд муқаррар ва аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ пардохт карда мешавад. Дар машварати корӣ бо назардошти омӯзиши зарфиятҳо ва имконоти мавҷудаи шаҳру навоҳии пахтакор уҳдадории ҷамъоварии ҳосили имсола муайян гардид.

Ҳамзамон бо дарназардошти зиёд гардидани майдони кишти картошка ба роҳбарияти навоҳӣ ва дигар шахсони масъул дастур дода шуд, ки нақшаи истеҳсоли картошкаро иҷро намоянд. Тибқи уҳдадориҳо имсол бояд дар Истаравшан 60 ҳазор тонна, Деваштич 150 ҳазор тонна, Куҳистони Мастчоҳ 100 ҳазор тонна, Шаҳристон 50 ҳазор тонна, Айнӣ то 25 ҳазор тонна ва Панҷакент 120 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардад. Майдони шолӣ бошад ба 10 ҳазор гектар расонида шуда, дар асоси нақша бояд то 50 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh