Хадамоти гумрук: ҳуқуқвайронкунӣ кам шуд

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи қаблӣ, нишасти матбуотӣ бо сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, полковники хадамоти гумрук Баҳром Исматуллозода, сардори шуъбаи маъмурӣ – ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси вилоят Темур Тӯйчизода, сардору масъулини шуъбаҳову сохторҳои раёсат ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

- Ҳаҷми умумии гардиши мол дар қаламрави гумруки вилоят ба 811 миллиону 632 ҳазор доллари ИМА расид, ки ин нисбат ба соли гузашта 200 миллион доллари ИМА ё ин ки 19,8 фоиз кам мебошад. Содирот 172 миллиону 779 ҳазор доллари ИМА –ро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта 51, 7 миллион доллар, яъне ба андозаи 23 фоиз кам мебошад, - иброз дошт сардори раёсати мазкур.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки савдои беруна дар нимсолаи аввали соли равон бо Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 629,3 миллион долларро ташкил дод. Гардиши мол ба давлатҳои хориҷи дур бошад, 182,3 миллион доллар буда, нисбат ба соли гузашта беш аз 21 миллион доллари ИМА ё ин ки 10,5 фоиз кам мебошад.

Тибқи маълумоти масъулин дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ Раёсат 701 ҳолати ҳуқуқвайронкуниро ба қайд гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 524 ҳолат кам мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 695 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 560 парванда баррасӣ гардида, 421 парванда ба мақомоти судӣ аз рӯи тобеият ирсол шуда, боқимонда 135 парванда дар баррасӣ қарор доранд.

- Дар давраи нимсолаи аввали соли равон дар натиҷаи гузаронидани рейдҳои муштарак оид ба пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ҳамагӣ 142 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор гардидааст, - изҳор дошт сардори раёсат Б.Исматуллозода.

Қайд кардан бамаврид аст, ки масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришоти Пешвои муаззами миллат доир ба таъсиси китобхонаҳо дар толори раёсат китобхонаи замонавӣ ташкил гардида, беш аз 900 адабиёти мухталиф харида шудааст.

Дар фарҷом байни рӯзноманигорону масъулин суолу посух сурат гирифт.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh