ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ НАЗАРРАС

Дар даврони истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ даҳҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.

То ба имрӯз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

Ин аст, ки ҳамасола дар вилоят шумораи корхонаҳои саноатӣ беш гардида, сокинон маҳсулоти зарурии ватаниро бемамониат дастрас мекунанд. Боиси таъкид аст, ки ҳанӯз соли 2003 - ум корхонаи ордбарории «Фаровон - 1» ба фаъолият оғоз карда буд. Дар аввали фаъолият коргоҳ танҳо орд истеҳсол мекарду халос. Тӯли 17 соли фаъолият коргоҳи мазкур ба яке аз корхонахои саноатии пешрав мубаддал гаштааст. Дар ин муассиса 98 нафар корманд дар се баст, дар чор самти фаъолият, аз ҷумла истеҳсоли орд, паррандапарварӣ, истеҳсоли ғизои парранда ва чорво ва истеҳсоли масолеҳи металлӣ фаъолияти пурсамар доранд.  

Роҳбари ҶДММ «Фаровон - 1»   Исроилхӯҷа Самандаров изҳор дошт, ки коргоҳи мазкур барои хуб ба роҳ мондани фаъолият таҷҳизоти наву ҳозиразамонро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда истодаанду барои азхуд кардани он мутахассисон даъват карда мешаванд. Тӯли аз ду то чор моҳ мутахассисони худӣ ба пуррагӣ омӯзонида мешаванд.   

Оид ба нишондиҳандаҳои корхона изҳор дошт, ки агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо нархҳои муқоисавӣ соли 2015 беш аз 11 миллион бошад, соли 2019 он ба зиёда аз 86 миллион сомонӣ расонида шудааст, аз ҷумла дар нимсолаи аввали соли равон ин нишондиҳанда наздик 9 миллион сомониро ташкил дод.

Агар истеҳсоли орд соли 2015 - ум 3,8 ҳазор тоннаро ташкил намояд, соли 2019 ин нишондиҳанда наздик ба 24 ҳазор тонна расонида шуд.

Тибқи маълумоти омории масъулин соли 2015 музди миёнаи маоши кормандон 700 сомонӣ бошад, соли равон он се маротиба зиёд шудааст.    

Ҳамчунин Исроилхӯҷа Самандаров қайд кард, ки феълан дар коргоҳи ордбарорӣ дар як шабонарӯз 200 тонна орд истеҳсол мешавад, дар коргоҳи паррандапарварӣ зиёда аз 100 ҳазор мурғ буда, зиёда аз 6 ҳазор тонна хӯроки парранда ва чорво истеҳсол карда мешавад. Истеҳсолоти масолеҳи сохтмонӣ бошад, мувофиқи фармоиш фаъолият дорад. Дар ин коргоҳ 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин ҳастанд. 

Доир ба болоравии нархи орд, ки бо сабаби паҳншавии бемории COVID – 19 ба амал омад, Исроилхӯҷа Самандаров гуфт, ки ин ба қурби асъор вобаста аст, зеро намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон нархро чанд маротиба боло бардоштаанд. Хушбахтона, охири моҳи май нарх ба эътидол оварда шуд ва сокинон ордро бо нархи пешин дастрас карданд.

Боиси таъкид аст, ки ҳоло коргоҳи мазкур се навъи орд, аз ҷумла навъи олӣ,  якум ва дуюм ба фурӯш бароварда истодаанд. Корхонаи ордбарорӣ ба ғайр аз бозорҳои дохилии вилоят ҳамчунин ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ маҳсулот интиқол карда истодаанд.

Дар вақти авҷгирии пандемия сокинони ҷумҳурӣ аз меъёр зиёд ордро харидорӣ карданд. Доир ба сифат ва нархи орд сокинон ақидаҳои гуногунро пеш оварданд. Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фарида Абдураҳмонова гуфт, ки тӯли чанд сол маҳсулоти коргоҳҳои гуногунро истифода намудааст,  аз ҳама бештар орди «Фаровон» босифат ва арзиши баланд дошта, барояш писанд омадааст.

Баробари ин фурӯшандагони орд изҳор доштанд, ки имрӯз сокинон бештар орди «Фаровон» - ро мехаранд.

Муталлиб Каримов - фурӯшандаи орд:

- Ҳафт сол инҷониб бо фурӯши орд машғул ҳастам ва пай бурдам, ки харидорон бештар ба коргоҳи ордбарории «Фаровон» боварӣ доранд. Дар як рӯз қариб тамоми орди ин коргоҳ ба фурӯш меравад, сабабашро дар сифати баланд ва нархи дастраси он медонанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд дар вилоят 27 корхонаи истеҳсоли орд мавҷуд аст, ки бештари он дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бӯстон ва Истаравшан фаъолият доранд.

Дарвоқеъ, тӯли 17 соли фаъолияти пурсамар коргоҳи мазкур тавонист ба боварии мардум сазовор гардида, маҳсулоти худро дар бозори ҷумҳурӣ рақобатпазир гардонад.        

Боиси таъкид аст, ки имрӯз дар бозори ҷумҳурӣ маҳсулоти паррандаи коргоҳи мазкур низ харидоргир аст ва дар ин самт низ онҳо ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд.

- Талабот нисбат ба маҳсулоти мо зиёд аст, зеро сифати он ба талаботи кунунӣ ҷавобгӯ буда, дар муддати начандон тӯлонӣ тавонистем мавқеи худро дар бозори ҷумҳурӣ ишғол кунем. Дар оянда низ нақшаҳои зиёд дорем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки истеҳсоли маҳсулотро зиёд гардонида, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем, - гуфт Исроилхӯҷа Самандаров.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh