ОБОДИВУ ШУКУФОИИ ВАТАН АЗ ҶОМЕАИ СОЛИМ МАНШАЪ МЕГИРАД

Ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд сохтмони иншооти таъиноташ гуногун бо маром идома дорад.   Бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи профессор Амонулло Орифов аз ҷумлаи онҳост ва имрӯз корҳои сохтмонӣ дар он бомаром идома дорад.

Қобили қайд аст, ки сохтмони бинои нави табобатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта буд. Мувофиқи лоиҳа бинои нави табобатӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, барои 200 кат пешбинӣ шудааст.  Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Евростройсервис» ба анҷом расонида истодаанд.

Бино ба иттилои Фурқат Орифов, прораби ширкати Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Евростройсервис» то имрӯз 85 фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро гардида, айни замон корҳои ороишиву рангуборкунӣ, сафолакпӯш кардан, ойинабанӣ ва дигар корҳо бо маром ҷараён дорад.

Дар ин мавзеъ айни замон ба корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар сохтмончӣ ҷалб шудаанд.

Бояд гуфт, ки бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд тибқи меъёрҳои замони муосир сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ барои баланд бардоштани солимии ҷомеа муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Ин марказ дар оянда натанҳо ба мардуми кишвар балки ба сокинони кишварҳои ҳамсоя низ хизмати тиббӣ мерасонад.

Расул Абдуллоев, роҳбари ҶДММ «Евростройсервис» иброз дошт, ки сохтмони биноро ба ӯҳда гирифта, он дар масоҳати 1440 метри мукааб сохта шуда, он аз чор ошёна ва таҳхона иборат аст. Тибқи лоиҳаи пешбинӣ гардида, дар  он 200 кат барои бемор дида мешавад. Мувофиқи плани куллии сохтмон барои ободонӣ дар ҳаҷми 3500 метри мукааб буда, саҳни он ду фаввора, таваққуфгоҳ, панҷарабандӣ ва кабудизоркунии гирду атроф дида мешавад.

Фурқат Орифов зимни боздид гуфт, ки сохтмончиён  бо як маҳал хӯроки гарм таъмин мебошанд. Аксарияти маҳсулоти сохтмонӣ ватанӣ буда, шароит барои сохтмончиён муҳайё гардидааст ва ҳаҷми кори онҳо аз 1700 то 3000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ӯ барои сохтмон хушсифату дар мӯҳлати муайян ба сомон расонидан ва сари вақт дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ саҳмгузор аст.

Дар рафти кор бо сохтмончӣ Ҳалим Ваҳҳобов ҳамсуҳбат гардидем, ӯ иброз дошт, ки таи бист сол аст, ки бо соҳаи сохтмон сару кор дошта, ризқу рӯзиашро аз ҳамин касбаш мебинад.  Кормандон дар ҳар се моҳ бо либоси махсус таъмин мешавад ва маоши моҳона вобаста, ба ҳаҷми кор аз 1200 сомонӣ оғоз мешавад. Шукргузор аз даврони тинҷиву оромӣ дорам, ки ба ватани худ хизмат дорам, аз шароите, ки барои мо омода кардаанд, қаноатмандем.

Мурод Дадобоев, сохтмончӣ мегӯяд, ки маҳз ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мӯҷиб гардид, ки рӯз то рӯз сартосари кишварамон ободу зебо гардад.

- Мо корҳои сохтмониро ба ӯҳда дошта, бо дасту дили гарм меҳнат намуда, ҷавобан ба ин ибтикор ваъда медиҳем, ки бо ғайрати дучанд саъйу кӯшишамонро баҳри гулгулшукуфии Ватани азиз равона сохта, бо сифати баланд корҳоро анҷом диҳем ва итминон аст, ки беморхона солиёни зиёд ба мардум хизмат намояд, мегӯяд ӯ.

Бояд зикр намуд, ки дар арафаи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти замонавӣ далели ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон нисбат ба рушду такоммули соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

  «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh