РУШДИ САНОАТ- ТАҚОЗОИ АЙЁМ

Нуктаи ҷолибтарин дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин буд, ки солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин аз он далолат медиҳад, ки Пешвои миллат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, бобати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ва ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ аст.

Ҳамчунин, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи муҳоҷирон аз тарафи Роҳбари давлат пайваста дастгирӣ гардида, қадам ба қадам ҳунарҳои аҷдодии миллӣ аз нав эҳё шуда истодаанд. Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дониста, муаррифӣ шудааст. Таъсис ва фаъолият бурдани корхонаҳои муштараки саноатӣ низ баҳри пешрафти соҳаи саноати сабук дар мамлакат қадами устуворе аст.

Чунончӣ, бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми августи соли 2019-ум зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ "Хорои Хуҷанд" - ро ифтитоҳ ва аз рафти кор дидан намудаанд. Ин корхонаи азими саноатӣ дар маҳаллаи "Ваҳдат" - и шаҳри Хуҷанд дар майдони 9288 метри мураббаъ замини ғайрикишоварзӣ ва бекорхобида бунёд гардида, самти фаъолияти он ба истихроҷ ва коркарди сангҳои табиӣ нигаронида шудааст. Бояд афзуд, ки 93 фоизи Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳ ташкил медиҳад, ки он имконияти фарохи истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, аз ҷумла сангҳои табиӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи он муҳим мебошад.

Бо назардошти ин ва ҳамзамон зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулот дар мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҶДММ "Хорои Хуҷанд" ҷиҳати боз ҳам бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини пурраи талаботи аҳолӣ бо ин намуди маҳсулот ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти аз санг омодашуда дастуру ҳидоятҳо додаанд.

Барои истеҳсоли масолеҳ дар ин корхона дар қитъаи "Хорокон" - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва қитъаи "Ровакон" - и ноҳияи Ашт сангҳои табиӣ истихроҷ ва дастрас мешавад. Захираи ашёи хом дар ин конҳо барои беш аз 50 сол кофӣ мебошад. Ҳаҷми истихроҷи хоросанг дар корхонаи мазкур дар як моҳ аз 60 то 120 метри мукаабро ташкил медиҳад. Бо истифода аз ин дар корхона тахтасанг, панҷара, фаввора, мизу курсӣ, таҷҳизоти ошхона, гулдон, инчунин монеаҳо барои роҳрав, сафолакҳо, пардаовез, сутунпояҳо ва дигар номгӯи маҳсулот бо шакл, ҳаҷм, миқдор ва ороиши гуногун истеҳсол мешаванд.

Барои истихроҷ ва коркарди санги хоро дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб гардидааст ва раванди истеҳсолот тавассути компютер идора ва назорат мешавад. Бештари дастгоҳу таҷҳизоти корхона, аз ҷумла дастгоҳи суфтакунӣ бори нахуст ба ҷумҳурӣ ворид шудааст.

Санги мармар бошад, дар ҶДММ "Хорои Хуҷанд" мутобиқ ба фармоиши мизоҷон аз ширкатҳои истихроҷкунандаи ватанӣ дастрас ва коркард мегардад.

Дар корхонаи мазкур 58 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши аз 1500 то 2000 сомонӣ таъмин гардидаанд. Масъулон нақша доранд, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фаъолияти корхонаро васеъ намуда, дар ҳамин замина боз 30 ҷойи нави корӣ таъсис диҳанд.

Ифтитоҳи ин корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Хуҷанд дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда ва коҳиш додани ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ заминаи устувор мегузорад.

Ҳамчунин, дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт корхонаи коркарди санги ҶДММ «Меҳри Хуҷанд» фаъолият дошта, сокинони маҳал бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд. Гуфта мешавад, корхона бо маблағи лоиҳавии 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Абдулҳақ Бобоҷонов сохта шуда, моҳи июни соли 2018 ба истифода дода шуд.

Корхонаи мазкур дар 1 сол то 3000 м2 санги хороро коркард ва истеҳсол менамояд. Захираи ашёи хом зиёда аз 158 ҳазор метри мукааб мебошад. Таҷҳизоти замонавии коргоҳ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб гардидааст. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳи коргоҳи мазкурро барои сокинони ноҳия дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ туҳфаи хуб арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки доираи фаъолиятро марҳала ба марҳала васеъ намуда, барои ташкили ҷойҳои кории иловагӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, бо дастуру супориши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамасола фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, эҳё намудани анъанаи ниёгон, ба танзим даровардани фурӯши маҳсулотҳои қадима ва таърихӣ, маҳсулоти миллӣ, сарҷамъ намудани мутахассисон ва нигоҳдорандагони ашёҳои қадимаю таърихӣ, бозёфт ва харидории ашёҳо аҳамияти таърихидошта аст. Дар фестивалозмун маҳсулоти ҳунармандони касбӣ ва маҳаллӣ, аз қабили кашидадӯзӣ, йурмадӯзӣ қолинбофӣ, сабадбофӣ, қуроқдӯзӣ, устоҳои шонасоз кордсоз, оҳангар, сангтарош пешкаш мегардад, ки ҳунармандон сазовори мақоми ифтихорӣ мегарданд.

Усто Исмоилхӯҷаи сангтарош аз шаҳри Исфара хушнудӣ аз он дорад, ки бо иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода соҳаи ҳунармандӣ дар ҳама ҷода рушд ёфта, дар мадди назари ҷомеа қарор дорад.

Мо, ҳунармандон барои эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ тавонистем, пеш аз ҳама, руҳи гузаштагонро шод гардонем, маҳсули дастони онҳоро аз нав зинда гардонида, барои имрӯзиён муаррифӣ намоем ва насли навинро аз нозукиҳои ҳунарҳои ниёгон бохабар созем. ҳамчунин, номи неки худро дар симои садҳо шогирду ҳунаромӯзон ва пайвандони хеш бубинем.

Шукри давлати соҳибистиқлол мекунем, ки барои давом додани касби аҷдодӣ, хосатан сангтарошӣ шароит муҳайё гашту насли навин метавонад, бо ин ҳунари ниёгон ошно шавад ва барои худ шуғли доимӣ пайдо намояду дараҷаи некӯаҳволи хонаводаашонро баланд бардоранд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh