ҶДММ “САТН”: БЕШ АЗ 100 НАМУДИ МАҲСУЛОТ БА ХОРИҶИ КИШВАР СОДИРОТ МЕГАРДАД

Саноати сабук соҳаи ҳаётан муҳими кишвар маҳсуб меёбад, зеро дар ҳамаи давру замон давлатро маҳз саноати сабук аз бӯҳрони иқтисодӣ бароварда метавонаду бас. Бо назардошти ин, ки саҳми соҳаи саноати сабук дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ бузург арзёбӣ мегардад, давлату Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри рушду такомули соҳа ва дастгириву ғамхорӣ нисбат ба заҳматкашони соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Маълум аст, ки соҳаи саноати сабук дар вилоят рӯ ба тараққӣ ниҳодааст ва дар муддати 29 соли давраи Истиқлолият дар ин самт дастовардҳои назаррас ба даст оварда шудааст.

Директори генералии ҶДММ “САТН” Илҳом Бобоев ҷиҳати вазъи кунунӣ ва раванди ташкилу шароити кори заҳматкашони коргоҳ ҳарф зада, иброз дошт, ки аз соли 2002 насбу васли таҷҳизоти коркарди пахта оғоз гардида, аз соли 2003 бахши ресандагии коргоҳ ба фаъолият оғоз кард. Дар асоси супоришоти ширкатҳои маҳаллӣ маҳсулот истеҳсол мегардид. Аз соли 2004 фаъолияти корхона пурра ба роҳ монда шуда, аз коркарди пахта, омода намудани ришта то маҳсулоти тайёр, яъне маҳсулоти пӯшокаи ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мекунад. Шарикон, яъне супоришгарони асосии маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ Ширкати амрикоии «CAҚҚӮҚA SPA” буда, дар ҳамкорӣ бо шарикони амрикоиву итолиёвӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст.

Ҷоизи қайд аст, ки ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти коргоҳ пахта буда, чуноне роҳбарият изҳор намуданд, фаъолият тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, корхонаи ҶДММ “САТН” низ ашёи хомро дар дохили кишвар коркард намуда, барои таъмини талаботи истеҳсолкунандагони ватаниву хориҷӣ роҳандозӣ гардидааст. Феълан коргоҳ аз истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, минтақаи Денӣ, яъне коркарди матоъ, шустушӯй, дарзмолкунӣ, пардоздиҳӣ ва истеҳсолоти буррандагиву дӯзандагӣ иборат аст. Агар солҳои қаблӣ ашёи хом баҳри истеҳсоли маҳсулоти коргоҳ пурра аз нахи пахта ба роҳ монда шуда бошад, алҳол бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ дар раванди истеҳсолот на танҳо аз нахи пахта, ҳамчунин аз нахи сунъӣ низ истифода бурда мешавад.

Чун ҳамагон медонанд, бӯҳрони шадиди иқтисодии солҳои 2011 - 2014 дар соҳоти мухталиф ва тамоми ҷаҳон осори худро монд, ки ин, албатта, ба фаъолияти коргоҳ низ бе таъсир намонд.

Бино ба гуфти Илҳом Бобоев, баҳри баромадан аз вазъияти бамиёномада, ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будани маҳсулот таҷдиди техникӣ гузаронида шуда, бештар ба кор даровардани хатҳои нави истеҳсолӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи навтарин дар коргоҳ ҷорӣ карда шуд.

Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони итолиёвӣ - амрикоӣ истеҳсоли маҳсулот бо тарҳу мӯди дигар, ки талаботи давр тақозо дошт, оғоз гардид. Агар солҳои пешин танҳо модели тарҳи классикӣ истеҳсол гардад, се соли охир зиёда аз 100 намуди либоси мардонаву занона ва кӯдакона бо истифода аз нахи пахта ва нахи сунъии спандекс ба роҳ монда шуд. Тибқи шартномаи ҳамкории тарафайн, ҳар сол дар мавсими тобистону зимистон бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ намуди истеҳсоли либосҳо таҷдиди назар карда мешавад, зеро қариб 95 фисади маҳсулоти тайёр ба кишварҳои Аврупо содирот мегардад.

Бояд қайд кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар корхонаи номбурда дар як рӯз 3 - 4 ҳазор донаро ташкил медиҳад. Боиси зикр аст, ки корхона ба талаботи харидорон ва бозори имрӯза пурра мувофиқ гашта, аз соли 2003 то имрӯз фаъолияти бомаром дорад.

Ҳамчунин, барои дастрасӣ ва фурӯши маҳсулоти тайёр барои харидорони ватанӣ дар назди корхона воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ва маркази шаҳри Душанбе мағозаҳои махсус, молу маҳсулоти ҶДММ «САТН», ҳамчунин ширкати овозадори “CAҚҚӮҚA SPA”, аз қабили шим, курта, костюми занона, мардона ва кӯдаконаро ба харидорон бо нархҳои аз 60 то 120 сомонӣ пешкаш мекунанд.

Феълан коргоҳ ба нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ ноил гардидааст. Агар дар соли 2019 ба маблағи қариб 33 миллиону 166 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида бошад, дар 6 моҳи соли 2020 ба маблағи беш аз 48 миллиону 422 ҳазор сомонӣ маҳсулоти тайёр омода карда шуд, ки ин 146 фисади нақша мебошад.

Бояд зикр намуд, ки аз сабаби паҳн гардидани бемории сироятии COVID – 19 фармоиши ниқобҳои муҳофизатиро ба роҳ монда, то имрӯз зиёда аз 1 миллиону 340 ҳазор дона ё ба маблағи 14 миллиону 985 ҳазор сомонӣ ин намуди маҳсулотро истеҳсол ва содирот намудааст. Айни замон дар ҶДММ «САТН» 541 нафар кормандону мутахассисон дар се баст фаъолият намуда, агар соли қаблӣ музди маоши миёнаи онҳо зиёда аз 2 ҳазор сомониро ташкил медод, алҳол он ба беш аз 2 ҳазору 400 сомонӣ расидааст.

Чун аз ҳудуди биноҳои коргоҳ дидан намудем, ҳама ҷоро озодаву ободон дарёфтем. Дар ошхонаи коргоҳ ҳамаи шароити хӯрду хӯрок муҳайё гардонида, аз ҷиҳату намуд ва нархи хӯрокаҳо ҳам бисёр дастрас мебошанд.

Дар рафти азназаргузаронии шароити корӣ бо чанде аз кормандон ҳамсуҳбат гардидем, ки аксар изҳори қаноатмандӣ доштанд. Онҳо бо шукргузорӣ иброз намуданд, ки роҳбарияти коргоҳ ҳамеша дар бобати табобат ва истироҳату фароғати заҳматкашони коргоҳ пайваста ғамхорӣ менамояд.

Аз ҷумла, дар бобати дастгирии ниёзмандон низ кӯмаки моддӣ расонида мешавад. Баҳри ҳавасмандкунии саноатчиён дар ҳамаи идҳои миллӣ дастархони идона ороста, собиқадорону пешсафони коргоҳ аз ҷониби роҳбарият аз ҷониби моддӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Сол аз сол ба соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук чун яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориву дастгириҳо афзун мегардад. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо ибтикори Президенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” тағйиру иловаҳо ворид гардида, тибқи яке аз бандҳои он ҳисоб ва пардохти андоз аз фурӯши нахи пахта бекор карда шуда, бар ивази он боҷи содиротӣ барои нахи пахта ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротшаванда муқаррар карда шуд. Албатта, ин омил низ шаҳодати дастгирии роҳбарияти кишвар буда, барои беҳтару бештар ба роҳ монда фаъолияти соҳа мусоидат менамояд.

Имрӯз маҳсулоти ҶДММ “САТН” дар арсаи олам муаррифӣ гашта, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дониста шудааст, ки дар он саҳми роҳбари коргоҳ - фарди оқилу соҳибфазилат, мутахассиси кордон Илҳом Бобоев шоиста аст.

 Албатта, таъсис ва фаъолият бурдани корхонаҳои муштарак низ баҳри пешрафти соҳаи саноати сабук дар мамлакат қадами устувор дошта, нақши он дар рушди иқтисодиёт ва дар ин радиф беҳдошти сатҳи иҷтимоиву иқтисодии аҳолии вилоят мусоидат менамояд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh