Саҳми сохтмончиён дар бунёди иншооти гуногун назаррас аст

8 август дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон чорабинӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ин чорабинӣ сохтмончиёнро бо иди касбиашон табрик намуд.

Таъкид карда шуд, ки бинокорон дар сохтмони иншооти азими аср, муассисаҳои маорифу нигоҳдории тандурустӣ, фарҳанг, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим саҳми арзанда мегузоранд.

Бахшида ба ҷашни бузурги миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома дошта, тибқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 10000 иншоот сохта, ба истифода дода мешавад. То имрӯз зиёда аз 4900 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба истифода супурда шудаанд, ки дар ин ҷода саҳми сохтмончиён назаррас мебошад.

Сипас, ба як қатор пешқадамони соҳа барои хизматҳои шоён, меҳнати фидокорона, нақши арзанда дар сохтмони иншооти хоҷагии халқи вилоят Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh