Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл»

7 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» боздид карда, бо вазъи кунунии корхонаи ресандагӣ шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхонаи азими саноатӣ марҳила ба марҳила фаъолияти худро васеъ намуда, бо муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ то 350 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин менамояд.

Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди беш аз 8 тонна пахта буда, он асосан маҳсулоти хешро ба хориҷа содирот хоҳад намуд.

Дар марҳилаи аввал бо фаъол гардидани чанд сехи истеҳсолӣ 80 нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд ва ҳоло ҷараёни истеҳсолот зери назорати мутахассисон қарор дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода ташаббуси моликони корхонаро ҷиҳати фаъолсозии он фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки барои то коркардаи ниҳоӣ расонидани пахта тадбирҳо андешида шавад.

Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи миллӣ эълон гардидааст. Барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ бояд аз тамоми имкониятҳо ва иқтидорҳои истеҳсолӣ истифода бурд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh