Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён

Дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо рӯзи касбии сохтмончиён таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат кулли сохмончиён, лоиҳакашон, меъморон ва ҳамаи онҳоеро, ки дар бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим саҳмгузор ҳастанд, табрику таҳният мегӯям. Ба ҳамаи шумо тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодати рӯзгор ва дастархони пурнишотро таманно дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид менамоянд, ки бинокорон дар сохтмони иншоотҳои азими аср, муассисаҳои маорифу нигоҳдории тандурустӣ, фарҳанг, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим саҳми мушаххас доранд ва дар ободу зебо гардонидани кишвари азизамон ширкат меварзанд.

Бахшида ба ҷашни бузурги миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Дар назар аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри сазовор истиқбол гирифтани ин санаи муборак қариб 10000 иншоот сохта, ба истифода дода мешавад. Аллакай зиёда аз 4900 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба истифода супурда шуданд ва дар ин ҷода саҳми сохтмончиён назаррас мебошад.

Татбиқи амалии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари олам мубаддал мешавад.

Итминони комил дорам, ки сохтмончиёни вилоят аз ӯҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо сарбаландӣ баромада, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо шудани Ватани маҳбубамон ҳам саҳми муносиб мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кормандони соҳаи сохтмонро ба муносибати иди касбиашон бори дигар шодбош гуфта, барояшон тани сиҳат, ободии рӯзгор ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно дорам!

Иди касбӣ муборак, бунёдкорони азиз!

Add comment


Security code
Refresh