Тоҷикстандарт: маҳсулоти пастсифат ошкор ва нобуд шуд

Мутахассисони шуъбаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Маркази вилоят аз анбори қисмҳои ҳарбии гарнизони вилоят 50 номгӯи маҳсулоти хӯроквориро барои ташхис ба озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ супориданд, ки 10 номгӯи он, аз ҷумла орди гандуми навъи дуюм, консерваи шавлаи ҷав дар зарфи металлӣ, биринҷ, макарон, лӯбиёи сурх, намаки ошии йодноккардашуда, мош, нахӯд, хамираи помидор дар зарфи шишагин ғайристандартӣ дониста шуд, - гуфта шуд зимни нишасти матбуотии Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд.

Директори маркази “Тоҷикстандарт” Маҳмадӣ Давлатов ҳамчунин бобати маҳсулоти нафтӣ маълумот дода, қайд кард, ки дар озмоишгоҳи нафтии марказ 571 намунаи маҳсулоти нафтӣ аз ташхис гузаронида шудааст. Натиҷаи ташхис муайян кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон 11 намуна ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набуда, бо ҳаҷми зиёда аз 1629 тонна ошкор гардид.

Қайд шуд, ки бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок мутахассисони шуъбаҳои нозироти савдои Маркази вилоятӣ ва марказҳои ташхиси минтақавӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ номгӯи гуногуни маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, аз ҷумла маҳсулоти қаннодӣ, гӯштӣ, тухми мурғ, равғани растанӣ, хокаи қаҳва, нӯшокиҳои ташнашикан, машруботи спиртӣ, меваи афлесун ва нок, помидор, лампаҳои тафсон, фурӯзонакҳои каммасраф, молҳои саноатӣ, ноқил, намак, атриёт, нафтӣ, бозичаҳои бачагонаро ошкор намуда, қисми он дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонун бо иштироки комиссия несту нобуд шуд.

Маблағи умумии маҳсулоти пастсифат, бесертификат, муҳлати истеъмолашон гузашта ва қочоқ дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 2366922 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 953 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

- Давоми шаш моҳи соли равон 8272 намуна маҳсулоти хӯроквории орди гандум, равғани растанӣ, макаронӣ ва қаннодӣ, гӯштӣ ва ширӣ, чой, қаҳва, тухми озуқавии мурғ, консерва, нӯшокиҳои ташнашикан, машруботи спиртӣ, меваи хушк, ғалладонагиҳо ва дигар номгӯи маҳсулот аз ташхис гузаронида шуд. Аз 8272 намунаи маҳсулоти ташхисшуда 534 намуна ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ дониста шуд, - қайд кард Маҳмадӣ Давлатов.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон суолҳо бобати ташкили китобхона дар назди марказ, ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории сироятии COVID – 19, фаъолияти тарозуҳои назоратӣ, лампаҳои каммасраф, сохтмони бинои нави Маркази “Тоҷикстандарт”, стансияҳои сӯзишворӣ, назорати маҳсулоти ғизоии пастсифати бачагона ва амсоли ин пешниҳод шуд, роҳбарият ва мутахассисони марказ ба саволҳо посухҳои мушаххас доданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh