Ифтитоҳи боз ду коргоҳи нав

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо иштироки муовини аввал Зикриёзода Сӯҳроб ва рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Қайд шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 65,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 миллион сомонӣ кам аст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин вақт дар минтақа ҳаҷми хизматрасонӣ ба 1557,7 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 87,9 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Корҳои сохтмонӣ бошад, ба маблағи 257,1 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.

Молу маҳсулоти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодӣ ба ғайр аз Тоҷикистон ба давлатҳои ҳамҷавори Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон содирот шуда истодаанд, ки маблағи он зиёда аз 19,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар МОИ «Суғд» миқдори умумии ҷойҳои корӣ аз оғози фаъолият ба 606 адад баробар гардид. Айни замон дар МОИ «Суғд» 29 субъект ба қайд гирифта шуда, мувофиқи ҳисоботи охирин, 13 адади онҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва савдо, боқимонда бо корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, ворид намудани таҷҳизот ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав машғуланд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои истеҳсолии ҶДММ «Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «Афранг Пластик» ва филиали ширкати кандагии «Хантана Канада», ки ба истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва коркард, бандубаст ва содироти асал машғул ҳастанд, ифтитоҳ ёфтанд.

Бо сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар саросари дунё фаъолияти доираи соҳибкориву сармоягузорӣ суст гардида, пешниҳодҳои лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо МОИ «Суғд» низ бамаротиб коҳиш ёфт.

Маъмурият тамоми кӯшиши худро баҳри ҷалби сармоягузорӣ равона менамояд.

Ҳаҷми сармоягузории мустақим дар ин давра ба маблағи 8,8 миллион сомонӣ ва аз оғози фаъолияти минтақа зиёда аз 89 миллион сомонӣ таъмин гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷаи давлат аз ҳисоби субъектҳои МОИ «Суғд» ба маблағи 974,4 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоӣ, 868,4 ҳазор сомонӣ андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва 7799,4 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ таъмин шуд.

Яке аз мушкилиҳои ҳалталаби рӯз ин норасоии нерӯи барқ ҷиҳати таъмини эҳтиёҷи субъектҳои МОИ «Суғд» бо ҳаҷми басандаи нерӯи барқ мебошад, ки масъалаи барқароркунии зеристгоҳи барқии «Fарбӣ»-ро дар ҳудуди минтақа ба миён меорад.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh