«ҒАЛЛАИ СУҒД» - МАНБАИ НОН

Нон аз шумори муқаддасотест, ки дар ҳама давру замон инсон ба он ниёз дорад. Агар дақиқтар андеша ронем, ҳастии инсонро бе нон тасаввур кардан нашояд. Аз ин рӯ, нон бебаҳотарин сарвати ҳаёти моддии инсон аст ва қадру манзалати он дар радифи сарватҳои муқаддаси маънавӣ қарор дорад. Агар назаре ба оинаи таърих андозем, дарҳол хоҳем фаҳмид, ки одамони қадим бо шикори ҳайвонот рӯз мегузарониданд. Хӯроки асосии онҳо гӯшт буд. Баъдан оҳиста-оҳиста киштукори заминро ёд гирифтанд.

 Нахустин чизи ба замин киштаи онҳо дони гандум буд. Аз ҳамон замон то имрӯз нон барои инсон ҳамчун неъмати азизу бебаҳо боқӣ мондааст. Қадр кардани нон ҳамчун анъанаи писандида аз як аср ба асри дигар мегузарад. Аз қадим одамон нисбат ба нон эҳтироми махсус дошта, ҳар резаи онро ба чашм мемолиданд ва намегузоштанд, ки он хор шавад. Нон рамзи бебаҳотарин неъмати дунё, хушбахтиву комронӣ, муҳаббату садоқат дар ҷаридаи олам шабеҳи шоҳбайте сабт гаштааст.

Бояд донист, ки фаровонии нон ба қобилияти кордонӣ ва талошҳои мунтазами деҳқон вобаста аст. Маҳз бо фидокорӣ ва меҳнатқаринии марди деҳқон он аз замин мерӯяд. Аз рӯзи ба замин пошидани донаи гандум то ба сари дастархон гузошта шудани неъмати бебаҳои зиндагӣ – нон даҳҳо нафар заҳмати беандоза мекашанд.

Яке аз чунин коргоҳҳое, ки баъди аз замин рӯёнидани донаи гандум онро орд карда, пешкаши мардум мегардонад, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ғаллаи Суғд», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, беш аз як даҳсола аст, ки ба мардум хизмат мерасонад. Он соли 2009 таъсис ёфта, иқтидори истеҳсолиаш 61,243 тонна орд буд. Баъди гузашти солҳо иқтидори коркарди корхона афзун гашта, имрӯз ин рақам ба 120 тонна орд расидааст.

Мирзоаббос Охунов – директори генералии корхона иброз дошт, ки зироати ғалларо асосан аз Ҷумҳурии Қазоқистон дастрас намуда, дар ҶДММ «Ғаллаи Суғд» коркард мекунанд. Корхона иқтидор дорад, ки то ҳашт ҳазор тонна ғалларо дар анбор захира кунад. Агар давоми соли 2019 коргоҳ 21,715 тонна орд ва 4802 тонна сабӯс истеҳсол карда бошад, давоми шаш моҳи соли 2020 он ба 15 ҳазору 520 тонна орд ва 4 ҳазору 466 тонна сабӯс расидааст.

 Технологи соҳибтаҷриба Фаррух Рӯзиев кӯшиш бар он дорад, ки бо истифода аз технологияҳои ҳозиразамон истеҳсоли маҳсулотро бо сифати баланд пешкаши аҳолӣ гардонанд. Аз ин ҷост, ки маҳсулоти коргоҳ дар тамоми бозору мағозаҳои кишвар харидорони худро дорад. Орди истеҳсолшуда дар халтаҳои 5, 10, 25 ва 50-килограммӣ бо номҳои «Арзанда», «Баракат», «Аъло», «Тандир» ва «Зар» манзури харидорон мегардад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии табақаҳои мухталифи ҷомеа ва ҳаллу фасли муаммоҳои иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таҳияи ҳуҷҷати давлатии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ як қатор қонунҳоро ба тасвиб расонданд. Дар натиҷа сохта ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор дошта, ҳамарӯза бо ифтитоҳи онҳо ва таъсиси ҷойи корӣ рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. ҶДММ «Ғаллаи Суғд» аз қабили корхонаҳои саноатиест, ки бо омода кардани 100 ҷои корӣ аҳолии кишварро бо кор таъмин ва барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволию ободии дастархони мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Онҳо гуфтаҳои Сарвари давлатро ҷиҳати танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонд ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт, амал намуда, кору фаъолият менамоянд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh