Қарзи истифодабарандагон аз нерӯи барқ наздик 505,6 миллион сомонӣ аст

- То санаи 1–уми июли соли равон қарзи умумии истифодабарандагони нерӯи барқ дар вилоят наздик 505,6 миллион сомониро ташкил намуд, ки аз он 190,5 миллион сомониаш ба хоҷагии об рост меояд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори шабакаҳои барқи Суғд Тӯра Атамов.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки иҷрои нақшаи пардохти умумии энергияи барқи истифодашуда 88,2 фоизро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда аз тарафи аҳолӣ 94,5 фоиз, истифодабарандагони саноатӣ 98,4 фоиз, ғайрисаноатӣ 93,9 фоиз, буҷавӣ 64,7 фоиз, хоҷагии қишлоқ 76,4 фоиз ва хоҷагиҳои об 12,2 фоиз иҷро шудаанд.

Дар Нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» бошад, таъмири миёнаи гидрогенератори №2 давом дошта, таъмири ҷории боқимонда панҷ гидрогенераторҳо, трансформаторҳои қуввагӣ, таҷҳизотҳои асосии барқӣ, насосҳои технологию обёрӣ ва кранҳои борбардор гузаронида шудаанд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ фонди таъмири асосӣ ба маблағи 11,7 ҳазор сомонӣ ва фонди таъмири ҷорию миёна ба маблағи 19,3 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст.

Оид ба истеҳсол, истеъмол ва пардохти нерӯи барқ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» 374,7 миллион кВт соат энергияи барқ истеҳсол гардидааст, ки аз нақша 1,7 миллион - кВт соат зиёд мебошад.

Қабули умумии энергияи барқи истифодагардида 2,53 миллиард кВт*соатро ташкил дод, ки 2,16 миллиард кВт*соати он энергияи фоиданок мебошад.

Таҷдиди НБО-и «Қайроққум» аз тарафи Консортсиуми ширкатҳои «Gӯnӯқal е1есtқiс Нуdқo» (Франсия), Gӯnӯқal е1есtқiс қӯnӯwaӣlӯ Switzӯқland (Швейтсария) ва Соӣқa Instalacionӯs Sӯқvicios S.A (Испания) иҷро гардида истодааст.

Мувофиқи ҷадвал, татбиқи лоиҳаи таҷдиди НБО-и «Қайроққум» моҳи марти соли 2019 муайян гардида, муҳлати ба анҷом расидани лоиҳа 57 моҳ мебошад.

-Тибқи қарордоди баимзорасида, маблағи пешбинишуда барои татбиқи лоиҳа 149,9 миллион доллари ИМА буда, марҳала ба марҳала таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони нерӯгоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110кВ нерӯгоҳ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он бо зиёд намудани иқтидори нёрӯгоҳ аз 126 МВт то ба 174 МВт пешбинӣ шудааст.

- То имрӯз дар доираи лоиҳаи таҷдиди НБО-и «Қайроққум» як қатор корҳои тадқиқотӣ ва омодасозӣ ба анҷом расидаанд, - гуфт Тӯра Атамов.

Дар охир рӯзноманигорон ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh