ФАЪОЛИЯТИ БОСАМАР САРЧАШМАИ РУШДУ ШУКУФОИИ КИШВАР

Бо мақсади тақвияти дастгирии давлатии соҳибкорони ватанӣ, ки фаъолияти босамари онҳо сарчашмаи рушду шукуфоии давлату меҳан маҳсуб меёбад, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар дар мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар - ҳадафи чоруми миллӣ эълон шуд. Дар ин замина дар шаҳри Бӯстон якчанд корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода шуда истодааст.

Бино ба иттилои мудири бахши иқтисод ва саноати шаҳри Бӯстон Хуршед Тоҷиев, дар шаҳр 32 корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо якчанд намуди маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маводи озуқаворӣ, шустушӯӣ, доруворӣ, сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аҳолӣ, ки барои пешбурди рӯзгор, бунёди сохтмонҳо, хати обу барқ ва ғайра зарур аст, истеҳсолу пешниҳод мегарданд, ки воридотивазкунанда ва баъди таъминоти бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ мувофиқи дархост ва шартномаҳо бо ҳамкорони хориҷӣ содирот мешаванд.

- Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропелении ҶДММ «Суғд - Пак» низ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, - зикр дошт номбурда.

Иқтидори коргоҳи мазкур 60 миллион дона халтаи полипропеленӣ дар як сол пешбинӣ гардида, дар он зиёда 200 таҷҳизот, аз ҷумла таҷҳизоти бофандагӣ, эктрузор, ресандагӣ, чопкунӣ, ламинатсия ва ғайра васлу насб гардидааст. Асосан таҷҳизот аз давлатҳои Чин, Тайван ва Олмон ворид гардидааст.                

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти омории шаҳр, корхона дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 21 миллиону 496 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,5 фоизро ташкил мекунад. Яъне дар коргоҳи ҶДММ «Суғд - Пак» дар шаш моҳи соли равон 19 миллиону 418 ҳазор дона халтаи полипропеленӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 - ум 122,5 фоизро ташкил медиҳад.               

Айни замон, мувофиқи маълумоти оморӣ, 310 нафар корманд кору фаъолият намуда истодаанд.

Бӯстон шаҳри саноатӣ ба ҳисоб рафта, дар 32 корхонаи саноатии мавҷудбуда, 1400 нафар корманд кору фаъолият намуда истодаанд. Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасониҳои пулакии барқу об ва бахши хусусӣ ба 272,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,8 миллион сомонӣ зиёд ё худ 154,3 фоизро ташкил дод. Танҳо дар корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 237,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,4 миллион сомонӣ зиёд ё худ 167,2 фоизро дарбар гирифтааст.                                  

Боиси қайд аст, ки баҳри амалишавии ҳадафи мазкур дар ин давра дар ҳудуди шаҳр се корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсолии қубурҳои пластикии ҶДММ “Сифатпласт”, корхонаи истеҳсоли қубур ва шиферҳои асбестии ҶДММ “Восидзода” ва корхонаи истеҳсоли хӯроки паррандаи ҶДММ “Агроҳамкор” бунёд гардида, айни замон дар коргоҳҳои номбурда сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, кору фаъолият намуда истодаанд.

- Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорони истеҳсолӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, марҳала ба марҳала теъдоди корхонаҳои саноатӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он дар шаҳри Бӯстон афзуда истодааст, - гуфт Хуршед Тоҷиев.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

 “Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh