САҲМИ ШОИСТА ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ КИШВАР

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаи коркарди мева, истеҳсоли афшура, хамира, қайла ва нӯшобаҳо аз меваи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» дидан намуданд. Сарвари давлат ба иқдоми соҳибкори ватанӣ дар таъсиси чунин корхонаи истеҳсолӣ ва нақши он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ баҳои баланд доданд.

Мансур Каримов, муассиси ҶДММ «Сирдарё» иброз дошт, ки корхонаи мазкур соли 2009-ум таъсис ёфта, дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ ҷои намоёнро ишғол кардааст.

- Корхона дар масоҳати 5,8 садяк замин бунёд шуда, он бо ҷойгир намудани шаш хату таҷҳизоти технологӣ, яъне бо роҳи истифодаи оқилонаи иншооти мавҷуда истеҳсоли ҳаҷму номгӯи зиёди маҳсулоти консерва аз меваю сабзавот ба роҳ монда шудааст. Ин хатҳои технологии коркарди меваю сабзавот ва бандубасти маҳсулот ба зарфҳои шишагӣ, се хати технологии рехтан ва бандубасти маҳсулот ба зарфҳои тетропаки ғунҷоишашон 200-250 - грамма, яклитра ва ҳамчунин, коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои коғазию картонӣ пешбинӣ гардидааст, - иброз дошт Мансур Каримов.

Бино ба иттилои мавсуф, дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой васлу насб гардидаанд. Маҳсулоти дар корхонаи «Сирдарё» истеҳсолгардида ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ буда, корхонаи мазкур бо нишони маҳсулоти «Мерси Баку» мавқеи худро пайдо намудааст.

Айни замон бо истеҳсоли шарбати мева, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мева, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерваю сабзавот бозори кишварро таъмин намуда истодааст. Мувофиқи талаботи бозорӣ дар баробари сифат ба бандубасти истеҳсоли маҳсулот дар зарфҳои тетропак ва зарфҳои шишагии ғунҷоишашон хурд ба дизайни ҷолибу хоса таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба талаботи харидор шаклу тарзи нави маҳсулотро пешниҳод менамояд.

- Ба маҳсулоти корхона харидорони хориҷӣ низ таваҷҷуҳ менамоянд ва афшураю нӯшобаҳои мевагии аз нигоҳи экологӣ тоза ба хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Афғонистону Қирғизистон содирот карда мешаванд, – иброз дошт Мансур Каримов.

Дар корхонаи «Сирдарё» беш аз 40 нафар бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин буда, бо васеъ намудани фаъолият шумораи бештари коргарону мутахассисон ба кор ҷалб шуда, дар мавсим ва мавриди зарурат корхона тасмим дорад, қувваи кориро зиёд намояд.

Асрор Иброҳимов, сармуҳандиси корхона таи даҳ сол аст, ки дар соҳаи мазкур фаъолият дошта, аз шароити корхона қаноатманд аст ва сипосмандии хешро ба роҳбарияти корхона расониданист, зеро барои кормандон шароити хуб муҳайёст ва маоши кофӣ баҳри пешбурди зиндагӣ доранд. Аз таваҷҷуҳу самимият ва ғамхории доимӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки шукронаи давлату даврони осоиштаро мекунад, ки кишвари азизамон тинҷу ором аст ва давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh