Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон”

Дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мегарданд.

Тавре зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи муштараки “Зарафшон” иттилоъ дода шуд, аз ҷониби “Зарафшон” бо харҷи 117 миллион доллари ИМА корхонаи коркарди хокаи мис сохта мешавад. Ҳини муаррифии лоиҳаи корхона таъкид гардид, ин иқдом бо мақсади амалисозии ҳадафи стратегӣ амалӣ гардида, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ ташкил карда хоҳад шуд.

Корхонаи муштараки “Зарафшон” бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба дастовардҳои бештар ноил гардида истодааст. Нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона баёнгари он аст, ки нақши он дар маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳри Панҷакент хеле назаррас мебошад. Давоми ҳафт соли охир нишондиҳандаи истеҳсолии корхона аз 349,8 миллион сомонии соли 2013 ба 2 миллиарду 628,2 миллион сомонӣ расонида шудааст. Дар шашмоҳаи авали соли ҷорӣ бошад ба маблағи 1 миллиарду 794,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Сипас, дар бинои маъмурии корхонаи муштараки “Зарафшон” бо иштироки кормандон ва роҳбарияти корхона, масъулини соҳаи саноат ва дигар шахсони масъул машварати корӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи саронаи олии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар - Тоҷикистону Чин дар мамлакат корхонаҳои муштарак бунёд гардида, фаъолияти самарабахш доранд. Дар ин самт Корхонаи муштараки “Зарафшон” хоса кайд карда шуд. Яке аз чунин корхонаҳо “Зарафшон” мебошад, ки дар он беш аз 2150 нафар кор мекунанд.

Саҳми корхона дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳру вилоят назаррас буда, бо ташкили корхонаи нав нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо ва саҳм гузоштан дар ободонии Панҷакент дастуру супоришҳо дода, изҳори боварӣ кард, ки масъулон барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.

Дар идома Раиси вилоят аз корхонаи “Мармари Зарафшон” боздид кард. Зимни боздид маълумот дода шуд, ки бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ фаъолияти корхона дубора ба роҳ монда мешавад. Ёдовар мешавем, ки ин корхона аз соли 2015 инҷониб аз фаъолият боз монда буд. Ашёи хом аз масофаи 50 километр оварда шуда, мавриди коркард қарор мегирад ва баъди пурра ба истифода додани корхона даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ мешаванд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh