Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст

11 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва рафти корҳои саҳроӣ ба шаҳру деҳоти Исфара сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканд дар маросими оғози мумфаршкунии роҳҳо ширкат варзид. Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи ҳудуди ҷамоат бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Миразиз Амаков ба масофаи 5 км мумфарш карда мешавад. Бо дуои пирони рӯзгор ба мумфаршкунии роҳ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода сипас дар маркази шаҳр корҳои сохтмониро дар Маҷмааи истироҳатию фарҳангӣ, аква-парк, майдончаи футболбозӣ ва ҳавзи шиноварӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, иншооти зикршуда дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Сунатулло Нуриллоев бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани маҷмаа 60 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Лоиҳаи иншоотро КВД «Лоиҳакаш» дар шаҳри Исфара омода намудааст ва барои анҷоми корҳои сохтмонӣ тибқи нақша 2 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Раиси вилоят ҳини шиносоӣ бунёди чунин маҷмааҳоро, ки дар доираи сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида истодааст, бисёр муфиду саривақтӣ унвон кард. Гуфта шуд, ки бунёди чунин маҷмааҳо барои истироҳату фароғати сокинон зарур буда, илова бар ин барои бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ мусоидат менамояд. Аз ҷониби роҳбари вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва дигар шахсони масъул барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншооти бунёдшаванда дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар идомаи сафар Раҷаббой Аҳмадзода Ҷамоати деҳоти Ворух ва Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ бо рафти навсозии қасри фарҳанг, сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳаммоми замонавӣ ошно гардид. Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ворух дорои 650 ҷойи нишаст мебошад ва бо харҷи беш аз 1,9 млн сомонӣ таҷдид хоҳад шуд. Фармоишгари корҳо Идораи сохмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.

Майдончаи варзишӣ аз тарафи соҳибкор Сорбон Савриддинов бунёд шуда, маблағи лоиҳавии он 460 000 сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишӣ худи ҳамин сол оғоз ёфта, тибқи нақша то моҳи сентябр ба анҷом расонида мешавад.

Лоиҳаи майдончаи варзиширо КВД «Лоиҳакаш» дар шаҳри Исфара омода намудааст ва пудратчӣ ҶДММ ШС «Бинокор»-и шаҳри Исфара мебошад.

Бинои ҳаммоми замонавӣ бошад дар маҳаллаи Навободи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ҷойгир аст. Он аз тарафи соҳибкор Ҳомидов А. ба маблағи 1 600 000 сомонӣ сохта хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли гузашта оғоз ёфта, дар назар аст, ки то охири сол мавриди истифода қарор гирад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо аз саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ёдовар шуда, изҳори боварӣ кард, ки мардуми меҳнатқарини Исфара 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд.

Таъкид карда шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии 922 млн 968 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо бунёди пурраи иншооти тарҳрезишуда симои шаҳру деҳоти Исфара боз ҳам зеботар гардида, садҳо ҷойи нави корӣ ташкил мегардад.

Дар соли 2018 86 иншоот, дар соли 2019 131 иншоот ба истифода дода шудааст. Давоми шаш моҳи сипаришудаи соли равон аз 124 иншооти нақшавӣ, ки маблағи умумии онҳо 52 млн. 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 71 иншоот пурра ба итмом расонида шуд. Яъне давоми дуним соли охир 288 иншооти ҷашнӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh