Саҳм дар татбиқи ҳадафи стратегии кишвар

Муждаи нек тез байни мардум паҳн мешавад. Коргоҳи дӯзандагии ҶДММ «Суғдиён» дар шаҳри Хуҷанд дубора ба кор оғоз карда, беш аз яксаду панҷоҳ нафар духтарони маҳаллиро бо ҷойи корӣ таъмин намуд.

Санаи дуюми июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона ошно гардида, ҷиҳати дӯхти босифати либос, пурра таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар дастуру супоришҳо доданд.

Ба таърихи коргоҳ назар медӯзем. Он ҳанӯз соли 1992 ба фаъолият оғоз карда, масоҳати умумии он 4,26 гектарро фарогир ва ҳамагӣ 15 нафар бо меҳнат машғул буданд. Мутаассифона, бо мурури замон он аз кор бозмонд ва дар баробари ин мутахассисони соҳаи муҳандисию техникӣ низ бекор монданд.

Соҳибистиқлолии мамлакат, рушди вазъи иқтисодии кишвар ва омода сохтани мутахассисони гуногунҷабҳа дар макотиби олӣ боис гардиданд, ки корхонаҳои истеҳсолӣ пас аз таҷдиду азнавсозӣ мутобиқи талаботи замон дубора ба кор шуруъ намоянд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар қатори дигар коргоҳҳо корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Суғдиён» баъди таҷдиду азнавсозӣ ба кор оғоз кард. Зимни пурсиш директори коргоҳ Шаҳло Латифова изҳор дошт, ки он бо ҷалби сармояи дохилӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» пурра азнавсозӣ гардида, дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Хитой насб шудааст. Айни замон дӯзандагон ба дӯхтани сару либоси бачагона, занонаю мардона машғуланд. Дар ҳолати пурра ба кор даромадани коргоҳ шумораи кормандон то ба яксаду ҳафтод нафар хоҳад расид. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол чорсад ҳазор дона маҳсулоти дӯхта мебошад.

Ҳар як корхонаи истеҳсолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, маҳсулоти хешро ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Коргоҳи мазкур низ чандест, ки бо ширкати шуҳрати ҷаҳонидоштаи «Текстил - трейд» -и Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, чанд моҳ қабл беш аз шаш ҳазор дона нимшими ҷинсии мардонаро интиқол сохт. Ҳоло аз рӯи иттилоъ бо ширкати «Бил Бом Бо» -и Ҷумҳурии Белорусия низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ минбаъд либосҳои занона ва мардонаро хоҳанд дӯхт.

Бо ширкатҳо ва соҳибкорони ватанӣ низ ҳамкорӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар масъалаи дӯхтани либоси мактабӣ бо чанде аз мактабҳои маркази вилоят шартнома баста шудааст.

Аз рӯи иттилои Шаҳло Латифова дӯзандагони коргоҳ, ки духтарони маҳаллӣ мебошанд, дар як баст фаъолият дошта, тибқи муроҷиати коргоҳҳо ва муассисаҳои тандурустӣ истеҳсоли ниқоб ва либоси муҳофизатии тиббиро ба роҳ мондаанд. Дар асоси дархости ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «Сатн» беш аз сад ҳазор дона ниқоб омода гардид.

Дар асоси талаботи муассисаҳои тандурустӣ бошад, чорсад дона либоси муҳофизатии тиббӣ истеҳсол шуда, айни ҳол кор дар ин самт идома дорад.

Дар корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Суғдиён” корҳои таъмиру тармим идома дорад, - қайд кард А. Раҳматзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, - ҳангоми ба истифода додани сехҳои шустушӯю пардоздиҳӣ ва рангуборкунӣ, ки он ҳам ба таври замонавӣ омода хоҳад шуд, фаъолият дар ин самт шабонарӯзӣ ба роҳ монда, боз дусад нафарро бо ҷойи корӣ таъмин месозад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh