Раҷаббой Аҳмадзода – Раиси вилояти Суғд: Масъулият, ташаббус ва кордонӣ – мӯҷиби дастовардҳои нек

Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020

Санаи 10-уми июли соли 2020 дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд. Дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин даври соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят таъмин шудааст.

Сипас, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 гузориш дод. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ баҳри бартараф намудани таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус пайомадҳои пандемияи коронавируси КОВИД-19, ба таври мунтазам ба роҳ мондани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои ниёзи аввал ва пешгирии ба таври сунъӣ болоравии нархҳо, ба масъалаи баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, инчунин таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 1 миллиарду 75,2 миллион сомонӣ тасдиқ гардида, иҷрои нақша 100,8 фоиз таъмин карда шуд ва ба буҷет 1 миллиарду 84,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 9,0 миллион сомонӣ, нисбат ба соли гузашта 74,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соҳаи саноати вилоят таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд.

Дар нимсолаи аввали сол аз ҷониби саноатчиёни вилоят ба маблағи 6,5 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбати соли 2019 афзоиш ба 114,4 фоиз баробар мебошад. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 48 корхонаву коргоҳи нав бо 650 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар ин давра ба миқдори 571,8 ҳазор тонна семент ва 695,9 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 6 моҳи соли 2020 ба миқдори 252,5 ҳазор тонна орд ва 2740,2 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта мутаносибан 2,0 ва 1,4 баробар зиёд аст. Дар даври ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 2 млрд. 114,5 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин даври соли гузашта 108,5 фоиз таъмин гардид. Барои ҳосили соли 2020 дар масоҳати 278,6 ҳазор гектар кишт гузаронида, нақшаи кишти аксари зироатҳо иҷро шуд. Аз майдони умумии кишт 233,7 ҳазор гектар ё 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44,9 ҳазор гектар ё 16,1 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Мувофиқи нақша, соли 2020 дар масоҳати 255 гектар бунёди боғу токзори нав пешбинӣ гардида, то ин давра 586 гектар боғу токзори нав бунёд шуд, ки аз нақшаи дурнамо 2,3 баробар зиёд мебошад. Боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир бунёд гардида, асосан ба воситаи таҷҳизоти каммасрафи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Барои ба мавсими киштукор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 3,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияҳои Зафаробод 1,6 млн. сомонӣ, Ашт 1,0 млн. сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров 500,0 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ 300,0 ҳазор сомонӣ, Ҷаббор Расулов 300,0 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои лоиҳавӣ дар мавзеи “Рухак” 200,0 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани санаи таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Раиси вилоят аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар соли 2020 бунёди 1895 иншоот пешбинӣ шуда, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 883 иншоот ба фаъолият оғоз намуд, ки баробари 46,6 фоизи нақшаи солона мебошад. Дар маҷмӯъ, то ин давра 4901 иншоот мавриди таъмиру азнавсозӣ ва сохтмон қарор гирифтааст, ки баробари 68,9 фоизи нақшаи умумӣ мебошад.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ - июни соли 2020 ба 811,6 млн. доллари амрикоӣ баробар шуда, ҳаҷми воридот 638,8 миллион доллари амрикоӣ ва содироти маҳсулот бошад, 172,8 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расида, дар моҳҳои январ-марти соли 2020 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 71,0 млн. доллари америкоӣ сармоягузорӣ, аз ҷумла 58,7 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва 12,3 млн. доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2019-ум 24 фоиз зиёд мебошад.

Муовини Раиси вилоят ҳамзамон афзуд, ки бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронаровирус дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП –1365 ва бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID -19) дар вилояти Суғд Амри Раиси вилоят аз санаи 1-уми апрели соли 2020, № 48 ба тасвиб расида, ситоди вилоятӣ ташкил карда шуд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба пешгирии сирояти коронавирус, корҳои безараргардонии маҳалҳо, ҷойҳои оммавӣ, нақлиёту толорҳо, муассисаҳои мактабию томактабӣ, бозорҳо пурзӯр карда шуда, нисбати пешгирии интиқол ва паҳншавии коронавирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вазъи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоятро дар ин давра муфассал таҳлил намуда, аз масъулин пурсиш ба амал овард ва бобати бартараф намудани камбудиҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳо дастуру супоришҳои амиқ дод.

Раҷаббой Аҳмадзода муовинони Раиси вилоят ва масъулини соҳаҳоро вазифадор намуд, ки бобати ҷоннок намудани фаъолияти Ситоди навтаъсиси вилоятӣ оид ба низом даровардани ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳким бахшидани соҳаҳои саноату кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди ҳарчи бештари нахи пахта дар корхонаҳои саноати сабук, таъмини муассисаҳои соҳаи маориф бо либоси мактабӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари коргоҳҳои коркарди меваю сабзавот, равғанбарорӣ, истифодаи оқилонаи замин, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, таъмини нақшаи андозҳо, мумфаршкунии роҳҳо, захираи маводи доруворӣ ва хӯрока дар муассисаҳои табобатӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва ғайраҳо тадбирҳои судманд андешанд.

Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Деваштич, Гулистон, Шаҳристон, роҳбарияти Раёсати андоз ва идораи шабакаҳои барқи вилоят роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолият дар ин давра ҳисобот доданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар фарҷоми ҷаласа суханронӣ намуда, вазифаҳои навбатӣ ва муҳими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро дар нимсолаи дуюм мавриди таваҷҷуҳи фаъолон қарор дод. Раиси вилоят аз ҷумла таъкид дошт, ки ба истиқболи ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят наздик 10 ҳазор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамзамон, соли равон 5500 – солагии Саразми бостонӣ таҷлил мегардад, ки ифтихори миллати тамаддунофари тоҷик аст.

- Мо бояд ин ҷашнҳои бузурги миллиро бо ифтихори баланду эҳсоси масъулият ва дастовардҳои шоиста истиқбол бигирем, - зикр дошт Раиси вилоят. - Зеро вазъи кунунӣ аз ҳар яки мо тақозо дорад, ки дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдому ташаббусҳои неку хайрхоҳона, бо муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ ба корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза бахшем, то рӯзгори мардуми диёрамон боз ҳам хубтар ва комёбиҳоямон афзунтар гардад.

Мухтори Абдулло,

«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh