Боздиди Раиси вилоят​ аз​ корхонаи​ ресандагии ҶДММ «Сомон гуруҳ»

9 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз корхонаи ресандагии ҶДММ «Сомон гуруҳ» боздид карда, бо корҳои барқароркунии он аз наздик шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар корхонаи мазкур корҳои барқароркунии он ҷараёни тоза касб намуда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ин корхонаи саноатӣ бо муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ бо фарогирии 350 нафар ба кор шуруъ хоҳад намуд. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди беш аз 8 тонна пахта буда, он асосан маҳсулоти хешро ба хориҷа содирот хоҳад намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми моликони корхонаро фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати то коркардаи ниҳоӣ расонидани пахта тадбирҳо андешида шавад.

Раиси вилоят барои рушди босуботи корхона ва дигар коргоҳҳои ҳамсони он таъсиси Ассотсиатсияи корхонаи саноати сабуки вилоятро муҳим арзёбӣ намуд. Зеро бо ташкили чунин иттифоқ имкони ба роҳ мондани равобити мустақим байни корхонаҳои саноати сабук роҳандозӣ гардида, ҳамзамон он барои ба таври таъҷилӣ ҳал намудани мушкилоти ба миёномада мусоидат хоҳад намуд. Гузашта аз ин, дар заминаи Ассотсиатсия ба роҳ мондани содироти маҳсулоти саноати вилоят ба хориҷи кишвар, андӯхтани таҷриба ва роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилаи судманд амалӣ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд беш аз 640 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар нимсолаи якуми соли равон ба маблағи 6 576,8 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh