«Оби зулол»: ду хатти нав ба фаъолият шурӯъ кард

Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти мухталиф ба истифода дода шуд. Ба шарофати ҷашнҳои таърихӣ, алалхусус ба истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксар мавзеъ ободу даҳҳо ширкату корхонаҳо ба фаъолият шурӯъ карданд ва сокинон бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Мардуми кишвар рӯҳияи идона дошта, аз бунёдкориву созандагӣ шукргузорӣ мекунанд.

Тавре иттилоъ дорем, санаи 1 – уми июли соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшани бостонӣ ташриф оварда, дар он ҷо коргоҳи Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Доир ба ин дастоварди муҳим муовини раиси шаҳри Истаравшан Толиб Олимҷонзода ҳарф зада, қайд кард, ки сулҳу ободӣ, бунёдкорию созандагӣ аз Ваҳдат маншаъ мегирад, бидуни Ваҳдату ҳамдилӣ пеш рафта наметавонем. Маҳз, бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдат ва сулҳу оромиро ба даст овардем.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» ду хатти нав ба фаъолият шурӯъ кард. Самти асосии фаъолияти ширкат истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот, мураббо ва афшураҳои мевагӣ, истеҳсоли ғизои кӯдакон дар борҷомаҳои мулоим мебошад. Боиси қайд аст, ки ширкат дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷ ҳанӯз 12 – уми сентябри соли 2000 – ум сохта, ба истифода дода шуда буд. То ин дам дар корхонаи саноатӣ чор хатти технологӣ мавҷуд буд ва боз ду хатти нави истеҳсолӣ ба кор даромад.

- Хатти якум, ки истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва афшураҳо бо тарзи резиши гарм ва хунук дар зарфҳои шишагин, ки ҳаҷмашон 0,33 ва 0,5 - литра мебошанд, равона шудааст. Ҳаҷми истеҳсол дар як соат 5 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Дуюм хатти нав ба истеҳсоли ғизоҳои кӯдакона аз хамираҳои мевагӣ дар борҷомаҳои мулоими ҳаҷмашон 90, 110, 120, 200, 220 - грамма, дар як соат 5 280 ададро ташкил медиҳад. Муассиси сехҳои истеҳсолӣ, яъне коргоҳи истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Британияи Кабир мебошанд, - гуфт Толиб Олимҷонзода.

Масоҳати умумии ҶСП «Оби зулол» 10 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 3 гектар масоҳати истеҳсолӣ аст. Хатти якум ба маблағи 18 миллиону 930 ҳазор сомонӣ ва хатти дуюм ба маблағи 6 миллиону 960 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Маблағи умумӣ беш аз 25 миллион сомониро дарбар мегирад. Ҳар ду хатти технологӣ ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз давлати Итолиё ворид шуда, мутахассисон низ дар ин давлат таҷрибаомӯзӣ кардаанд.

- Маҳсулоти истеҳсолшаванда ба пуррагӣ меваҳои ватанӣ мебошанд. Шишаҳо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешаванд, зеро истеҳсол дар зарфҳои шишагинро бори аввал ба роҳ монданд. Сарпӯш ва борҷомаҳои мулоим аз давлати Украина оварда мешавад. Дар коргоҳи мазкур 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин буда, музди миёнаи маоши кормандон 4 271 сомонӣ аст, - афзуд номбурда.

Ҳамчунин, Толиб Олимҷонзода гуфт, ки давоми шаш моҳи соли равон дар шаҳри Истаравшан содирот 1 миллиону 300 ҳазор долларро дарбар мегирад, ки асосан ба Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон ва дигар давлатҳо содирот мешаванд. Содирот асосан дар самти нӯшокиҳои ташнашикан, обҳои нӯшокӣ, шаҳду шарбатҳои мевагӣ ба роҳ монда шудааст.

Боиси таъкид аст, ки дар шаҳр 47 корхонаи саноатии истеҳсолии хурду калон фаъолият мебаранд. Ҳаҷми истеҳсоли саноат 102 фоиз таъмин шудааст. Алҳол дар шаҳр корхонаҳои зиёде фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, аз ҷумла ҶДММ «Адл», ки ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона, ҶДММ «Автошина» истеҳсоли маҳсулоти пластмасин, ки наздик 30 намуд ашёи рӯзгорро истеҳсол мекунад, корхонаи истеҳсолии «Авангард – 2013» истеҳсоли равғанҳои молиданӣ барои воситаҳои нақлиёт дар ҳаҷми 750 грамм, 1 - 5 литр бо сифати баланд ва дар сатҳи баланд банду баст карда мешавад, корхонаи истеҳсоли равғани растании ҶДММ «Покиза – 2013» мебошанд.

Танҳо давоми панҷ моҳи соли равон 3 корхонаи хурди истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ «Кафшгар» - истеҳсоли пойафзол, ҶДММ «Нурпак» - истеҳсоли халтаҳои полипротиленӣ ва ҶДММ «Наврӯзи ҷаҳон» барои истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан таъсис дода шуд. Дар баробари ин аз ҷониби се соҳибкори инфиродӣ сеху коргоҳҳои дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра 60 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Масъулин кӯшиш доранд саноатикунонии кишварро дар самти амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, минбаъд низ баҳри таъмини ҳадаф ва вазифаҳои дарпешистода тамоми нерӯ ва қувваи худро сафарбар созанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh