РОҲИ ОБОД – АСОСИ ОБОДИИ ВАТАН

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стретегии давлат маҳсуб ёфта, ба шарофати ваҳдату ҳамгироии сокинони кишвар ва кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба он ноил шудааст. Дар ин радиф роҳсозони вилояти Суғд кӯшиш ба он доранд, ки ба ин ҳадафи стратегии Роҳбари олимақоми давлат пурра ноил гарданд.

Андешаҳои сарвари роҳсозони вилоят, сармуҳандиси МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд» Мирзоалӣ Мансуровро бобати ин масъала пурсон шудем, ки мавсуф аз ҷумла чунин гуфт:

- Агар татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакатро оид ба баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар мисоли вилояти Суғд гӯем, пеш аз ҳама, пеши назар ба истифода додани шоҳроҳи автомбилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» ба дарозои 354 километр меояд, ки орзуи чандинсолаи сокинон буд. Хуб дар ёд дорам, рӯзи ба истифода додани он, баҳори соли 2008 бо вуҷуди сардии ҳаво дилҳои мардум гарм буд ва ташрифи Пешвои миллатро бесаброна интизорӣ мекашидем. Роҳбари давлат гуфта буданд: - Ин роҳро агар бо дастон сохта натавонем, бо нохунҳоямон канда бунёд мекунем. Зеро Пешвои муаззам хуб медонистанд, ки пайвастани шимолу ҷануби кишвар тавассути роҳи автомобилгард яке аз омилҳои асосии болоравии иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина беҳдошти рӯзгори мардум аст. Ин роҳро метавон роҳи ваҳдату ҳамдилии бошандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол номид.

-Дар чанд соли охир боз кадом роҳҳои асосии мошингард сохта, ба истифода дода шуданд, ки мӯҷиби беҳдошти роҳҳои автомобилгарди вилоят шуд?

-Боиси тазаккур аст, ки диққату эътибори Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд ба бунёду азнавсозии роҳҳои автомобилгард ҷиддитар гардида, аз он пас танҳо дар вилояти Суғд роҳҳои «Айнӣ-Панҷакент» ба дарозои 112,7 километр «Хуҷанд-Исфара» наздик 70 километр бунёд гардида, асоси бемалолу бехатар шудани ҳаракати нақлиёт, равуои сокинон, савдою гардиши мол ва мустаҳкам гардидани заминаи иқтисодии вилоятамон шуд. Ҳамзамон, ободии роҳҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят, хоса Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад. Ин аст, ки ҳамасола то 50 - 60 километр роҳ ба маблағгузории буҷети вилоят мумфарш мешавад.

-Дар қаламрави вилоят чӣ миқдор роҳҳо амал мекунанд ва роҳсозони вилоят ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо чӣ корҳоеро ба анҷом расонидаанд?

-Дар қаламрави вилоят 456,7 километр дорои роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 413,8 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 2414 , 97 км роҳи аҳамияти маҳаллӣ мавҷуд аст. Идораи хоҷагии роҳҳои вилоят ва 14 сохтори зертобеи он аз оғози сол то ба имрӯз ба маблағи 1274,17 ҳазор сомонӣ таъмиру нигоҳдории роҳҳои вилоятро ба ҷо овардааст. Тавре дар боло зикр кардам, дар ин муддат аз ҳисоби маблағгузории буҷети вилоят 7,11 километр роҳ ба маблағи 7 миллиону 153 ҳазору 180 сомонӣ роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва роҳу кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмиру тармим карда шудааст.

-Солҳои охир ҷавобан ба даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонҳои хайрхоҳу савобҷӯ бисёр шуда истодаанд, ки аз ҳисоби захираҳои худ дар ободонии роҳҳо саҳмгузор мешаванд…

-Дуруст, аслан ин иқдоми нек чанд соли охир вусъати тоза гирифтааст. Аз ин рӯ, чун солҳои пешин дар корҳои таъмиру тармими роҳҳо ашхоси савобҷӯю хайрхоҳ, хоса соҳибкорони ватанию бурунмарзии кишварамон саҳми сазовор мегиранд. Ин аст, ки ба санаи 1-уми июл аз ҳисоби маблағҳои онон 4,7 километр роҳ ба маблағи 2 миллиону 560 ҳазор сомонӣ мумфарш, 26 километр ба маблағи 931 ҳазор сомонӣ шағалпӯш ва 3 пул ба маблағи 482 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.

Мушаххасан гӯем, мо - роҳсозони вилоят бо дарки он, ки роҳи ободи Ватан яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани иқтисодиёт ва дар ин замина беҳдошти рӯзгори мардум, таҳкими ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмист, қарор додем, минбаъд низ фаъолияти худро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монем. Мекӯшем, то роҳҳои ваҳдати дилу вуҷуди мо ҳамеша ободу ба талабот ҷавобгӯ бошанд.

- Алҳол роҳсозон дар самти мумфаршкунӣ чӣ нақшаҳо доранд?

- Дар маҷмӯъ, то охири соли равон ҳамагӣ 2 ҳазору 500 метр роҳи вилоят таъмири асосӣ, таъмири ҷорӣ 740 километр ва 139,1 километр корҳои шағалпӯшкунӣ ба нақша гирифта шудааст. Мумфаршкунии роҳҳои автомобилгард ва кӯчаҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 342,7 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар мавриди таҷдиди роҳи Ғафуров – Деҳмой (35 километр) – Куруш (11 километр) гуфта шуд, ки то моҳи августи соли равон корҳои лоиҳакашӣ пурра ба итмом расида, дар сурати муайян намудани сарчашмаи маблағ дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар пурра таъмиру мумфарш хоҳад шуд.

- Дар шахсияти шумо ба аҳли кормандони соҳаи роҳсозиву роҳдорӣ дар ҷанбаи корҳои ободониву созандагӣ боз ҳам комёбиҳо таманно дорем.

Мусоҳиб
Маъмурахон Самадова,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh