Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат

Дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 75 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 маросими мутантани супоридани медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят баргузор гардид. Нишонҳои фахриро ба қаҳрамонони арсаи ҷангу меҳнат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини якуми раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Шарифов тақдим намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз музаффариятҳои бузурги халқҳои сулҳпарвар бар зидди истилогарони фашистӣ маҳсуб ёфта, ҷавонмардони диловари Тоҷикистон бо шуҷоату мардонагӣ ва қаҳрамониҳои бемисл дар баробари фарзандони дигар халқу миллатҳо дар таъмини Ғалабаи бузург саҳми арзишманд гузоштанд.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар таърих аз санаҳоест, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи он дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Давлат ва Ҳукумати мамлакат, инчунин мардуми кишвар ба далериву корнамоӣ ва ҷонбозиҳои дар майдони набарду ақибгоҳ нишондодаи фарзандони бонангу номуси худ арҷ мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо иштирок намуда, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафар ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсӯз таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода саҳми собиқадорони ҷангу меҳнатро дар таъмини дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими рӯзгори босаодати мардум, тавсеаи корҳои созандагиву ободонӣ, бахусус тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ шоиста арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ муовини якуми раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Шарифов суханронӣ намуда, аз нақши бузург ва тақдирсози Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми фарзандони шуҷоатманди Тоҷикистон дар торумор намудани фашизм ҳарф зад. Мавсуф ба Раиси вилояти Суғд бобати дастгирии пайвастаи маъюбон ва собиқадорони ҷангу меҳнат изҳори сипос намуда, фаъолияти Шӯрои вилоятии собиқадорони ҷангу меҳнатро дар миқёси ҷумҳурӣ намунавӣ арзёбӣ намуд.

- Дар вилояти Суғд ба фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳам маъюбон солҳои охир бештар ғамхорӣ зоҳир мегардад, - изҳор дошт Алишер Шарифов. - Алҳол фаъолияти Шӯрои собиқадорони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он хеле пурсамар буда, аъзоёни он дар рушду такомули ҷомеа саҳми босазо мегузоранд. Тавассути воситаҳои ахбори умум шоҳид гаштем, ки дар ҳар сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадороин ҷангу меҳнат, маъюбону ниёзмандонро аёдат менамоянд ва онҳоро рӯҳбаланд месозанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини якуми раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Шарифов ба собиқадорони ҷангу меҳнат, аз ҷумла ба раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Спитамен медали ҷашниро тақдим намуданд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода арзи сипос намуд.

- Бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат собиқадорони ҷангу меҳнат таҳти ғамхории ҳамешагӣ қарор доранд. Дар ин раванд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бахусус Раиси вилоят низ ба фаъолияту рӯзгори собиқадорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Мо, собиқадорон саъю талош меварзем, то дар ободию пешрафти кишвари азизамон ва таҳкими ҳаёти осоишта, бахусус тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ саҳми амиқ гузорем, - гуфт мавсуф.

Воқеан ҳам собиқадорони ҷангу меҳнат, ки инсонҳои соҳибтаҷриба ва рӯзгордида ҳастанд, нерӯи бузурганд ва қодиранд дар ташаккули ҳаёти маънавии ҷомеа ва таҳкими сиёсати давлатӣ нақши бориз дошта бошанд.

Мухтори Абдулло,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh