Шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи навтаъсиси “ЧП Раҳимов”

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти коргоҳи навтаъсиси “ЧП Раҳимов” шинос гардиданд.

Тавре ки иттилоъ дода шуд, коргоҳи мазкур дар минтақаи саноатии шимолу – шарқии шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дар заминаи таҷҳизоти мавҷуда матоъҳои маҳалии гуногуни пахтагин, аз ҷумла карбос, суф, дока истеҳсол менамояд. 25 нафар сокинони маҳаллӣ аллакай бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Ашёи хом барои истеҳсоли матоъҳо аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд дастрас мегарданд.

Корхонаи мазкур баъди истеҳсоли матоъ дар марҳилаи минбаъда барои дӯхти либосҳои гуногун, аз ҷумла варзишӣ онро мавриди истифода қарор медиҳад.

Зимни шиносоӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раҷаббой Аҳмадзода ба муассиси корхонаи “ЧП Раҳимов” барои рушди истеҳсолот, тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда дастуру супоришҳо доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh