Боздид аз корхонаи истеҳсоли шифери ҶДММ «Муқим - 2016»

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифери ҶДММ «Муқим - 2016» шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Муқим - 2016», воқеъ дар минтақаи саноатии шимолу – шарқии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст ва масоҳати умумии коргоҳи мазкур 2,8 гектар буда, корхона бо таҷҳизоти замонавии истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чин насбу васл гардидааст.

Фаъолияти асосии коргоҳ ин истеҳсоли масолеҳи сохтмонии шифери сементӣ мебошад. Айни ҳол дар коргоҳ 25 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд ва дар ҳолати пурра ба кор даромадани коргоҳ, шумораи кормандон ба 35 нафар мерасад. Маҳсулоти ин коргоҳ алҳол бозорҳои дохили ҷумҳуриро таъмин намуда истодааст.

Зикр гардид, ки иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як шабонарўз зиёда аз 600 адад шифери сементӣ буда, дар як моҳ 200 ҳазорро ададро ташкил медиҳад. Дар корхона дар соли 2019 ба маблағи умумии 4 896 600 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Танҳо дар 5 моҳи аввали соли 2020 ба маблағи 714.3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Бино ба иттилоъи мутахассисони соҳаи саноату сохтмон, маҳсулоти корхона аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ аст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз фаъолияти пурсамари коргоҳи истеҳсоли шифер, ки маҳсулоти воридотивазкунанда арзёбӣ мегардад, тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо эҳтимом ва кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳибкорӣ дар қаламрави мамлакат тамоми имконоту шароит муҳайё карда шудааст ва хушбахтона дар раванди татбиқи ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар ба чашм расида, ин ҳиссагузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh